
Дар давраи муосир яке аз мушкилоти ҷиддии шаҳрҳои калон танбиши ҳаракати нақлиёт (ё ба истилоҳ «пробка») мебошад. Ин падида ба иқтисодиёт, муҳити зист ва сатҳи зиндагии сокинон таъсири манфӣ мерасонад. Барои коҳиш додани ин мушкилот зарурати таҳлили омилҳои асосии он ва дарёфти роҳҳои самарабахши ҳалли масъала ба миён меояд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сабабҳои асосии танбашавии роҳҳои автомобилгард дар шаҳрҳо инҳоянд:
1. Афзоиши шумораи нақлиёти шахсӣ
Дар солҳои охир шумораи мошинҳои шахсӣ босуръат афзоиш ёфта, суръати рушди инфрасохтори роҳро пушти сар гузоштааст. Ин ҳолат боиси сербории роҳҳо ва ба вуҷуд омадани танбашавӣ мегардад. Мутобиқи иттилои ШБДА РВКД дар дар пойтахт, дар шаҳри Душанбе шумораи воситаҳои нақлиёти шахсӣ аз 87 442 адад дар соли 2021 ба 144 930 адад дар соли 2024 баробар шудааст, ки зиёдшавӣ 65,7% ро ташкил медиҳад.
2. Шумораи зиёди автомобилҳои аз берун ба шаҳр воридшаванда
Тибқи маълумоти ШБДА РВКД дар шаҳри Душанбе дар як шабонарӯз ба шаҳри Душанбе 44 548 адад воситаи нақлиёт аз ноҳияҳои гирду атроф ва дигар шаҳру ноҳияҳои дурдаст ворид мешавад. Аз ҷумла:
— даромадгоҳи дарвозаи ғарбӣ аз самти шаҳроҳи Турсунзода, Ҳисор ва ноҳияи Шаҳринав — 6029 адад;
— даромадгоҳи дарвозаи шарқӣ аз самти шоҳроҳи Ваҳдат, Кӯлоб ва ноҳияҳои Файзобод, Роғун, Рашт ва ВМКБ — 5933 адад;
— даромадгоҳи дарвозаи Ҷанубӣ аз самти шаҳри Бохтар ва ноҳияҳои Хуросон, Ҷ.Балхӣ ва дигар ноҳияҳои вилояти Хатлон — 3582 адад;
— даромадгоҳи дарвозаи Шимолӣ аз самти шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ва ноҳияи Варзоб — 6710 адад;
— даромадгоҳи Политехникум тавассути кӯчаи Раҳмон Набиев аз самти шаҳраки Шарораи ноҳияи Ҳисор — 3818 адад;
— даромадгоҳи маҳаллаи 33 ноҳияи Сино назди РБДА ВКД ҶТ аз самти ноҳияи Ҳисор — 5720 адад;
— даромадгоҳи кӯчаи Айнӣ — Мирзобек аз самти маҳаллаи Ҳазрати Мавлонои ноҳияи Рӯдакӣ — 873 адад;
— даромадгоҳи кӯчаи Қаҳҳоров аз самти ноҳияҳои Ёвон ва Рӯдакӣ — 5691 адад;
— даромадгоҳи кӯчаи Айнӣ — заводи шифербарорӣ аз самти маҳаллаи Ҳазрати Мавлонои ноҳияи Рӯдакӣ — 2287 адад;
— даромадгоҳи савхози Варзоб ба маҳаллаи «Гипрозем» — 3905 адад.
Дар ҳудуди шаҳри Душанбе ба ҳолати 31 декабри соли 2024-ум 144 930 адад воситаи нақлиёт дар қайди омор қарор дорад. Бо инобати коэффитсиенти омодагии техникии воситаҳои нақлиёт, ки 0,8 қабул шудааст, ҳамарӯза 115 944 адади он ба роҳ мебароянд. Ҳамин тариқ, ба ҳисоби миёна бо инобати воситаҳои нақлиёти аз берун ба шаҳр воридшаванда ҳамарӯза дар кӯчаю роҳҳои автомобилгарди шаҳри Душанбе 160 492 адад воситаи нақлиёт дар ҳаракати роҳ иштирок менамоянд.
3. Қобилияти гузарониши роҳҳои автомобилгард (зичии ҳаракат)
Зичии ҳаракат (интенсивность) дар роҳҳои автомобилгард бо шумораи хатҳои ҳаракат вобастагии мустақим дорад. Он одатан бо нишондиҳандаи адади мошинҳо дар як соат (мош/соат) чен карда мешавад ва барои банақшагирии инфрасохтори нақлиётӣ муҳим аст. Аз рӯи меъёрҳои муқарраргардида қобилияти гузарониши роҳ вобаста ба шумораи хати ҳаракат (дар як самт) ба ҳисоби миёна дар 1 хати ҳаракати роҳ қобилияти миёнаи роҳ ва зичии ҳаракат 600-900 мошин/соат, дар 2 хат 1200-1800 мошин/соат, дар 3 хат 1800-2700 мошин/соат, дар 4 хат ва бештар аз он 2400-3600+ мошин соат аст.
Чӣ қадаре ки шумораи хатҳо зиёд бошад, ҳамон қадар қобилияти гузарониши роҳ баланд мешавад, аммо самаранокӣ танҳо дар ҳолати мавҷуд будани чароғҳои роҳнамоӣ, чорроҳаҳои мувофиқ ва интизоми ронандагон таъмин мегардад.
Омилҳое, ки ба зичии ҳаракат таъсир мерасонанд:
1. Навъи роҳ – хиёбонҳои марказӣ, кӯчаҳои дараҷаи дуюм, роҳҳои дохили маҳаллаҳо.
2. Чароғҳои роҳнамоӣ ва чорроҳаҳо — суръати ҳаракатро коҳиш медиҳанд.
3. Вақти шабонарӯз — субҳу шом вақти зичии баландтар аст.
4. Хати ҷудогона барои нақлиёти ҷамъиятӣ — шумораи умумии хатҳоро коҳиш медиҳад, аммо самаранокии ҳаракати нақлиёти ҷамъиятиро баланд мебардорад.
5. Ҳолати роҳ — роҳҳои вайрон, корҳои таъмирӣ ва мошинҳои ғайриқонунӣ таваққуфшуда ба ҳаракат халал мерасонанд.
Ҳолати роҳҳои автомобилгард бо шумораи хатҳои ҳаракаташон дар ноҳияи Сино 1 хат 5 адад, 2 хат 9 адад, 3 хат 0 адад, 4 хат 4 адад, 5 хат 1 адад, 6 хат 1 адад, дар ноҳияи Фирдавсӣ 1 хат 4 адад, 2 хат 4 адад, 3 хат 8 адад, дар ноҳияи Шоҳмансур 1 хат 1 адад, 2 хат 4 адад, дар ноҳияи Исмоли Сомонӣ 1 хат 0 адад, 2 хат 4 адад, 3 хат 2 адад ва ҳамагӣ 1 хат 40 адад, 2 хат 31 адад, 3 хат 20 адад, 4 хат 5 адад, 5 хат 1 адад, 6 хат 1 ададро ташкил медиҳад.
Аз маълумоти мазкур фаҳмидан мумкин аст, ки шумораи асосоии роҳҳои шаҳри Душанбе аз 1 то 3 хати ҳаракат доштаро (ба як самт) ташкил медиҳад. Хиёбонҳои асосӣ, ба мисли Исмоили Сомонӣ, Рӯдакӣ ва Борбад аз 2 то 4 хат дар ҳар самт доранд. Дар кӯчаҳое, ки 4 ва зиёда хат доранд, қобилияти роҳ метавонад то 3000–3500 мош/соат дар вақти серборӣ расад. Аммо, зичии ҳаракат бо сабаби қисматҳои танг, таваққуфи ғайриқонунӣ ва ҳамоҳанг набудани чароғакҳои роҳнамоӣ зиёд шуда метавонад.
Шиддатнокии ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои автомобилгарди шаҳри Душанбе аз ҷониби масъулини ШБДА РВКД дар шаҳри Душанбе дар минтақаҳои асосии ҳаракат гузаронида шуд. Шиддатнокии ҳаракат (ҳисоб дар як соат, соати авҷи субҳ: 7:30 то 8:30) ва воситаи нақлиёт дар чорроҳаи Айнӣ – Рӯдакӣ 2400 мошин/соат аст, ки аз ин 60% нақлиёти шахсӣ, 25% такси ва 15% автобусу микроавтобус, дар И. Сомонӣ — Хиёбони н. Қарабоев 2100 мошин/соат аст, ки аз ин 55% шахсӣ, 30% такси, 15% ҷамъиятӣ, дар Майдони 800 — солагии Москва 1950 мошин/соат аст, ки аз ин 50% шахсӣ, 20% такси, 30% ҷамъиятӣ, дар Фурудгоҳ 1700 мошин/соат аст, ки аз ин 35% шахсӣ, 45% такси, 20% ҷамъиятӣ ва дар Зарафшон — самти шаҳри Турунзода 1600 мошин/соат аст, ки аз ин 65% шахсӣ, 20% такси, 15% микроавтобус
Дар маҷмуъ, 9750 адад воситаи нақлиёт дар як соат маълум карда шуд, ки ҳаракати аз ҳама сершиддат дар чорроҳаи Айни — Рӯдакӣ ба қайд гирифта шудааст. Шиддатнокии ҳаракат дар соатҳои аввали рӯз (7:30 — 9:00) ва бегоҳӣ (16:30 — 18:30) хеле баланд аст. Таксиҳои расмӣ ва ғайрирасмӣ тақрибан 20 — 30% ҳаракатро ташкил медиҳанд. Истифодаи нақлиёти ҷамъиятӣ дар баъзе минтақаҳо паст мебошад.
4. Шумораи чароғакҳои роҳнамо ва гузаргоҳҳои пиёдагард
Дар шаҳри Душанбе низоми гуногуни чароғакҳои роҳнамоӣ амал мекунад, ки танзими ҳаракати нақлиётро дар роҳҳо таъмин менамояд. Чароғакҳои роҳнамоии истифодашаванда намудҳои гуногун дошта, ба стандартҳои муосир ҷавобгӯянд.
Чароғакҳои роҳнамоии нақлиётӣ чароғакҳои серанга (сурх, зард ва сабз), ки ҳаракати воситаҳои нақлиётро танзим мекунанд.
Чароғакҳои роҳнамоии пиёдагардон барои таъмини амнияти пиёдагардон ҳангоми убур аз роҳ хизмат мекунанд.
Нишондоди пиёдагардон дар чорроҳаҳо ё гузаргоҳҳои пиёдагард, ки танзимшаванда нестанд, насб мешаванд.
Чароғакҳои роҳнамоии мобилии автономӣ дар ҳолати корҳои муваққатии роҳсозӣ ё дигар тағйирот дар ҳаракат истифода мешаванд; онҳо бо аккумулятор ё панелҳои офтобӣ кор мекунанд ва метавонанд то 5-7 рӯз мустақилона фаъол бошанд.
Таъсири шумораи чароғакҳо ва гузаргоҳҳои пиёдагард ба танбашавии нақлиёт яке аз омилҳои муҳими таҳлил дар нақшакашию идоракунии ҳаракати нақлиёт дар шаҳрҳо ба ҳисоб меравад.
Яке аз омилҳои муҳими таъсиррасон ба танбашавӣ шумораи чароғакҳо ва гузаргоҳҳои пиёдагард мебошад. Чароғакҳо воситаи асосии танзими ҳаракати чорроҳаҳо ба ҳисоб мераванд. Онҳо ба воситаҳои нақлиёт ва пиёдагардон имкони гузариши навбатдорро медиҳанд ва бо ин васила бархӯрдҳоро пешгирӣ мекунанд. Аз нигоҳи мусбӣ чароғакҳо самараноки ҳаракатро дар чорроҳаҳои сернақлиёт танзим намуда боиси коҳиши садамаҳо ва таъмини бехатарӣ мегарданд.
Аммо шумораи зиёди чароғакҳо, махсусан бо фосилаи кам боиси сустшавии ҳаракат мегардад. Вақти носамараноки чароғакҳо (масалан, сабз ё сурх будани тулонӣ) метавонад боиси танбашавии сунъӣ гардад.
Агар чароғакҳо бо ҳам ҳамоҳанг нашуда бошанд, мошинҳо дар ҳар чорроҳа маҷбур мешаванд биистанд, ки боиси сарфи вақт ва сӯзишворӣ низ мегардад.
Бинобар ин, истифодаи чароғакҳои зеҳнӣ (интеллектуалӣ), ки бо истифода аз сенсорҳо ҳаҷми нақлиётро месанҷанд ва вақти чароғҳоро мутобиқ мекунанд, метавонад ин мушкилиро аз байн барад. Ҳамоҳанг кардани чароғакҳо дар хатҳои асосӣ барои таъмини ҳаракати бемамониат хизмат мекунад.
Дар умум, 203 адад чароғаки роҳнамо дар шаҳри Душанбе мавҷуд мебошад, ки аз ин 76 адад чароғаки пиёдагард, 127 адад чароғаки роҳнамои нақлиётӣ мебошанд. Идоракунӣ ва назорати чароғакҳо ба КВД “Шаҳри Хушманд” ва Корхонаи давлатии ҷумҳуриявии махсусгардонидашудаи васлу истифодаи назди РБДА ВКД ҶТ (КДҶМВИ) вобаста гардидааст. Аз ҷумла, чароғакҳои пиёдагард — 75 адад КВД “Шаҳри Хушманд”, 1 адад — КДҶМВИ РБДА ВКД ҶТ, чароғакҳои роҳнамои нақлиётӣ 70 адад — КВД “Шаҳри Хушманд”, 57 адад КДҶМВИ РБДА ВКД ҶТ.
Дар навбати худ, гузаргоҳҳои пиёдагард воситаи муҳими таъмини бехатарии пиёдагардон мебошанд. Бо вуҷуди аҳамияти иҷтимоии онҳо, ин гузаргоҳҳо метавонанд ба танбашавии нақлиёт таъсири манфӣ расонанд. Масалан, дар ҷойҳое, ки пиёдагардон бе назорати чароғак убур мекунанд, мошинҳо маҷбур мешаванд ногаҳон истанд, ки ба танбашавӣ сабаб мегардад. Гузаргоҳҳои сершумор дар кӯчаҳои сернақлиёт низ боиси халали ҷиддӣ дар ҷараёни ҳаракат мешаванд.
Дар шаҳри Душанбе айни ҳол 54 адад гузаргоҳи пиёдагард бе чорроҳа мавҷуд мебошад, ки чунин намудҳо доранд:
— гузаргоҳҳои сатҳи замин (зебра);
— гузаргоҳҳои зери замин;
— гузаргоҳҳои болои замин (пулҳои пиёдагард): Барои беҳтар кардани амнияти пиёдагардон ва кам кардани бандшавии роҳҳо, сохтмони гузаргоҳҳои болои замин дар назар аст. Масалан, дар назди маркази савдои «Кӯшониён» се чунин гузаргоҳҳо сохта шудаанд;
— гузаргоҳҳои баландшуда: Инҳо гузаргоҳҳое мебошанд, ки сатҳи онҳо бо роҳравҳо) (тротуар баробар аст, ки ба паст кардани суръати нақлиёт ва беҳтар шудани намоёнӣ мусоидат мекунанд.
Сохторҳои марбутаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вобаста ба мушкилии гузаргоҳҳои пиёдагардон, мутобиқати онҳо ба стандартҳои шаҳрсозӣ ва бо инобати омилҳои нақлиётӣ таҳлилҳо гузаронида истодаанд, ки дар натиҷа чораҳои мушаххас андешида мешавад. Масалан, дар моҳи декабри соли 2024-ум 17 гузаргоҳи пиёдагард баста шуд, зеро онҳо хеле наздик ба якдигар ҷойгир буданд ва боиси бандшавии ҳаракати нақлиёт мегардиданд.
Барои паст намудани таъсири манфиии гузаргоҳҳо ба танбашавӣ чораҳои зеринро андешидан ба мақсад мувофиқ шуморида мешавад:
— бунёди пулҳои болои роҳ ё гузаргоҳҳои зеризаминӣ барои пиёдагардон дар роҳҳои асосӣ;
— истифодаи гузаргоҳҳои назоратшаванда, ки танҳо дар фосилаҳои муайян ва бо чароғи махсус иҷозати убур медиҳанд;
— ҷорӣ кардани минтақаҳои махсуси пиёдагард (пиёдагардсозии марказҳо) барои коҳиши ҳаракати воситаҳои нақлиёт.
Чароғакҳо ва гузаргоҳҳои пиёдагард унсурҳои зарурии инфрасохтори роҳ мебошанд, вале шумора ва тарзи ҷойгиршавии онҳо бояд бо дарназардошти ҷараёни ҳаракат ва иқтидори роҳҳо ба таври илмӣ ва техникӣ танзим шаванд. Барои коҳиши танбашавӣ, истифодаи технологияҳои нави зеҳнӣ (интеллектуалӣ) ва роҳҳои алтернативии убури пиёдагардон хеле муҳим мебошад. Аз ҷумла, таҳияи нақшаҳои шаҳрсозии оқилона, ки тарҳрезии стратегияи ҷойгиркунии чароғакҳоро ва гузаргоҳҳоро дарбар гирад. Ҷорӣ кардани моделҳои компютерии таҳлил, ба мисли VISSIM ё SUMO, барои пешгӯии таъсири ҷойгиршавии чароғакҳо ба ҳаракат зарурӣ мебошад.
5. Шумораи таваққуфгоҳҳо дар шаҳр, аз ҷумла, таваққуфгоҳҳои пулакӣ
Набудани тавақуфгоҳҳои замонавии баландошёна (ба монанди таваққуфгоҳи 7-ошёнаи ҶДММ “Корвон” дар саршавии бозори “Корвон”) низ яке аз омилҳои танбашавӣ ба шумор меравад. Шумораи таваққуфгоҳҳо, хусусан таваққуфгоҳҳои пулакӣ, нақши калидӣ дар ташаккули ҳаракати нақлиёт ва танбашавии шаҳрӣ доранд.
Баробари таъсиси додани Лоиҳаи «City parking» дар шаҳри Душанбе корхона дар ҳамкорӣ бо ширкати сармоягузор дар доираи Созишномаи сармоягузорӣ (ширкати «Нет солюшнс ва Душанбе cити бонк) дар ҳайати Консорсиум таваққуфгоҳҳои музднок дар 540 минтақа ба нақша гирифта шуда, айни замон дар 178 минтақа таваққуфгоҳ фаъолият намуда истодааст. Ташкили ин таваққуфгоҳҳо то андозае ба коҳиши таваққуфи ғайриқонунӣ дар канори роҳ, ки ба басташавии як қисмати роҳ ва танбашавӣ меорад, оварда расонд. Афзоиши таваққуфгоҳҳо шароит муҳайё сохт, то ин ки мошинҳо ҷои муайян барои истодан пайдо кунанд, на ин ки дар ҳама ҷо биистанд.
Истифодаи таваққуфгоҳҳои пулакӣ, ки ронандагон муддати зиёд дар таваққуфгоҳ намемонанд, ҷой зуд холӣ мешавад. Инчунин, пардохти таваққуф метавонад одамонро ташвиқ кунад, ки ба ҷои мошини шахсӣ аз нақлиёти ҷамъиятӣ истифода баранд. Таваққуфгоҳҳои пулакӣ одатан таҳти назоратанд ва имкони таваққуфи худсарро кам мекунанд, ки боиси беҳтар шудани тартибу танзими шаҳр мегарданд.
Таъсири манфии таваққуфгоҳҳо ба танбашавӣ чунинанд:
— таваққуфгоҳҳои сершумор дар марказҳои шаҳр метавонанд одамонро ташвиқ кунанд, ки бештар бо нақлиёти шахсӣ раванд, на бо нақлиёти ҷамъиятӣ — ин амал боиси афзоиши мошинҳо ва танбашавӣ мегардад;
— мошинҳое, ки дар ҷустуҷӯи ҷойи таваққуф мебошанд, метавонанд давра ба давра дар кӯчаҳо гарданд (ин равандро «cruising for parking» мегӯянд), ки худ бахши муҳими танбашавии сунъӣ аст.
Дар ҳолати дуруст ҷойгир кардани таваққуфгоҳҳо, метавон ҳаракати пиёдагардонро низ танзим кард, ки ба самаранокии роҳ кумак мерасонад.
Агар нархгузории нодуруст ё шумораи нокифояи таваққуфгоҳҳои пулакӣ бошад, ронандагон кӯшиш мекунанд, ки ҷои ройгон ё ғайриқонунӣ пайдо кунанд, ин бошад метавонад танбашавиро афзоиш диҳад. Дар баъзе ҳолатҳо, рӯ овардан ба минтақаҳои канорӣ барои таваққуфи ройгон метавонад танбашавиро ба дигар қисматҳои шаҳр интиқол диҳад.
Чораҳои амалие, ки метавонанд истифодаи таваққуфгоҳҳоро барои коҳиш додани танбашавӣ манфӣ таъсиргузор намоянд:
— ҷорӣ кардани нархгузории динамикӣ барои таваққуфгоҳҳои пулакӣ (нархи баландтар дар соатҳои авҷ, поёнтар дар вақтҳои ором);
— рушди системаи рақамии роҳнамо ба таваққуфгоҳҳои холӣ, ки боиси коҳиши гардиши беҳуда дар ҷустуҷӯи ҷой мегардад;
— бунёди таваққуфгоҳҳои бисёрошёна дар канори марказ ва ташвиқи истифодаи нақлиёти ҷамъиятӣ барои расидан ба марказ;
— пешбурди сиёсати «шаҳр барои пиёдагардон», ки таваққуф дар баъзе минтақаҳо маҳдуд мешавад.
6. Шумораи воситаҳои нақлиёти кироякаши такси
Такси яке аз воситаҳои муҳими хизматрасонӣ ба аҳолӣ дар шаҳрҳо аст. Он дар ҷойҳое, ки нақлиёти ҷамъиятӣ камтар фаъолият мекунад, ба мардум имкони дастрас шудан ба ҷойҳои заруриро медиҳад. Вале зиёдшавии шумораи онҳо, махсусан бе танзим, метавонад ба мушкилоти ҷиддии ҳаракат оварда расонад. Шумораи зиёди таксиҳо, махсусан дар маркази шаҳр ва наздикии бозорҳо, мактабҳо ва беморхонаҳо, сабаби афзоиши шиддати ҳаракат мешавад.
Дар аксар ҳолатҳо, таксиҳо дар ҷойҳои мамнуъ таваққуф мекунанд ё суст ҳаракат мекунанд дар ҷустуҷӯи мусофир, ки боиси монеа дар ҷараёни ҳаракат мегардад.
Таксиҳои ғайриқонунӣ (бидуни иҷозатнома) ва аз квотаи муайяншуда зиёд фаъолиткунанда ба низоми нақлиётии шаҳр осеб мерасонанд, зеро ба танзими давлатӣ итоат намекунанд. Онҳо метавонанд дар ҳар куҷо ва ҳар вақт таваққуф ё ист кунанд, ки сабаби ташкили танбашавии ғайрирасмӣ мегардад. Азбаски онҳо аксар вақт ба қоидаҳои ҳаракат итоат намекунанд, ба амнияти роҳ низ таҳдид мекунанд.
Зиёд шудани шумораи таксиҳо, бахусус таксиҳои ғайриқонунӣ, яке аз омилҳои асосии танбашавии роҳҳо дар шаҳрҳо мебошад. Танзими самаранок, рақамисозии хизматрасонӣ ва назорати ҷиддии давлатӣ метавонад ба коҳиши таъсири манфии ин раванд мусоидат намояд.
Бо мақсади аз байн бурдани таксиҳои ғайриқонунӣ фаъолияткунанда ва ба танзим даровардани фаъолияти такси дар шаҳр шумораи (квотаи) такси дар шаҳри Душанбе ба 12 000 адад расонида шуда ба чор ширкати кироякаши такси вобаста гардид.
7. Ба талабот ҷавобгӯ набудани истгоҳҳои нақлиётӣ
Истгоҳҳои нақлиётӣ, ки ҳамчун нуқтаҳои асосии саворшавӣ ва фаромадани мусофирон хизмат мекунанд, бояд бо талаботи техникӣ, миқдорӣ ва фазоӣ мутобиқ бошанд. Аммо, дар аксари шаҳрҳо, истгоҳҳо на ҳама вақт ба талабот ҷавобгӯ буда, худ омили танбашавии ҳаракати нақлиёт мегарданд.
Истгоҳҳое, ки дар ҷойҳои номусоид (масалан, дар наздикии чорроҳаҳо, дар ҷойҳои танги роҳ) ҷойгиранд, боиси монеа ба ҷараёни асосии ҳаракат мешаванд. Нақлиёти ҷамъиятӣ (автобус, микроавтобус ва ғайра) ҳангоми таваққуф дар чунин ҷойҳо маҷбур мешавад, ки як қисмати роҳро бандад.
Дар аксар мавридҳо, истгоҳҳо бо зинаҳои баланд, чатр надошта, ё бе тахтаи иттилоотӣ мебошанд. Мусофирон маҷбуранд дар канори роҳ ё ҳатто дар миёнаи роҳ мунтазир шаванд, ки ба амнияти ҳаракат ва тул кашидани таваққуф таъсири манфӣ мерасонад.
Исти ғайриқонунии нақлиёти ғайри истифодаи умум, дар истгоҳҳои нақлиётии истифодаи умум боиси танбашавӣ ва ҳаракати бенизоми воситаҳои нақлтиёт дар ин минтақаҳо мегардад. Бинобар ин, ҷиҳати танзими мушкилии мазкур тибқи маълумоти КВД “Шаҳри ҳушманд” корхонаи мазкур дар ҳамкорӣ бо ширкати “RexGen Co.Ltd”- и Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ дар 67 минтақа назди истогоҳҳои нақлиётӣ 71 адад камераи назоратӣ насб кардаанд, ки исти ғайриқонунии воситаҳои нақлиёти ғайри истифодаи умумро ба қайд гирифта, тибқи қоидаҳои амалкунанда ҷаримабандӣ мегардад. Тибқи нақша соли ҷорӣ (марҳилаи дуюм) 181 адад ва соли 2026 (марҳилаи сеюм) 100 адад камераи назоратӣ барои ба таври худкор сабт намудани қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ насб карда мешавад, ки дар умум 350 адад камера хоҳад шуд.
Бинобар ин, зарур аст, ки барои ба талабот ҷавобгӯ намудани истгоҳҳи нақлиётӣ чунин чораҳои амалӣ андешида шаванд:
— ҷойгир кардани истгоҳҳо дар фосилаи оптималӣ (на хеле наздик, на хеле дур);
— канорагирӣ аз ҷойгир кардани истгоҳ дар наздикии чорроҳа ва гузаргоҳҳо (40 метр аз хати бозистӣ) ;
— бунёди ҷайби таваққуфи ҷудогона (карман) барои автобусҳо ва микроавтобусҳо, ки ба ҷараёни асосии ҳаракат дар роҳ халал намерасонад;
— гузоштани тахтаҳои рақамӣ, сояпаноҳ ва нишонаҳои равшан барои шиносоии осон;
— пешгирӣ аз таваққуф дар берун аз маҳалли махсуси истгоҳ.
Истгоҳҳои нақлиётии ба талабот ҷавобгӯ набуда, на танҳо хизматрасонии номутамарказро ба мусофирон пешкаш мекунанд, балки ба низоми умумии ҳаракат таъсири манфӣ мерасонанд. Барои коҳиши танбашавӣ, лозим аст истгоҳҳо бо меъёрҳои муосир сохта, бо инфрасохтори муҷаҳҳаз ва ҷойгиршавии аз лиҳози илмӣ аосонокшуда муҷаҳҳаз гарданд.
8. Хати алоҳидаи ҳаракат барои нақлиёти ҷамъиятӣ
Дар шароити муосири шаҳрсозӣ, системаи самараноки нақлиёти ҷамъиятӣ бояд бо муҳити мусоиди ҳаракат таъмин бошад. Яке аз омилҳои калидии ин самаранокӣ — хати алоҳидаи ҳаракат барои автобус, троллейбус, микроавтобус ва дигар воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ мебошад. Аммо дар бисёре аз шаҳрҳо, набудани чунин хати алоҳида боиси танбашавии шадиди роҳҳо мегардад.
Набудани хати алоҳида ба танбашавӣ чунин таъсири манфӣ расонида метавонад:
а) якҷоя шудани тамоми воситаҳои нақлиёт дар як хати ҳаракат
Нақлиёти ҷамъиятӣ маҷбур аст дар як хати ҳаракат бо мошинҳои шахсӣ ҳамсафар бошад.
Ҳар як таваққуф барои савор кардани мусофир, дар роҳҳои сермошин, боиси басташавии муваққатии ҳаракат мешавад.
б) кам шудани суръати ҳаракати автобусҳо ва троллейбусҳо
Бе хати алоҳида, нақлиёти ҷамъиятӣ низ дар танбашавӣ мемонад.
Ин боиси коҳиши эътимоди мардум ба нақлиёти ҷамъиятӣ мегардад.
в) рӯ овардани мардум ба нақлиёти шахсӣ
Вақте ки автобусҳо дер меоянд ва дар танбашавӣ мемонанд, мардум бештар кӯшиш мекунанд мошини шахсиро истифода баранд. Ин худ танбашавиро боз ҳам афзоиш медиҳад як давраи занҷирӣ ва тамоман ғайрисамаранок мебошад.
Нидерланд, Олмон, Туркия ва Чин солҳои зиёд аст, ки дар роҳҳои асосӣ «Bus Lane» (хати махсус барои автобусҳо) ҷорӣ кардаанд. Дар Лондон, дар баъзе минтақаҳо автобусҳо хатти алоҳида доранд ва ҳатто камераҳо ҳаракати ғайриқонунии мошинҳои шахсиро дар он хати махсус ҷарима мекунанд.
Таҷриба нишон медиҳад, ки дар ин шаҳрҳо, бо вуҷуди шумораи зиёди аҳолӣ, танбашавӣ коҳиш ёфтааст ва одамон бештар бо автобус ҳаракат мекунанд.
Дар шаҳри Душанбе низ дар баъзе кӯча ва хиёбонҳо хатҳои алоҳида барои ҳаракати нақлиёти ҷамъиятӣ ҷудо шудааст, аз ҷумла, кӯчаҳои (роҳҳои автомобилгарде, ки аз ҳар ду самти ҳаракати роҳ соли 2016-ум бо нишонаҳои хатҳои уфуқии яклухт ва аломатҳои роҳи зарурӣ кашида ва насб карда шудаанд):
— кӯчаи Айни аз километри 10- уми роҳи автомобилгарди Душанбе-Ваҳдат то бурриши кӯчаи Аҳмади Дониш — Айнӣ аз ҳар ду самти ҳаракати роҳ;
— кӯчаи Айнӣ аз бурриши кӯчаи Аҳмади Дониш — Айнӣ то кӯчаи Саъдии Шерозӣ аз ҳар ду самти ҳаракати роҳ;
— кӯчаи Саъдии Шерозӣ аз майдони Ғалаба то кӯчаи Шерозӣ — Сино аз ҳар ду самти ҳаракати роҳ;
— кӯчаи Шерозӣ — Сино то роҳи давродаври Сомонӣ (Қарияи боло) аз ҳар ду самти ҳаракати роҳ;
— кӯчаи роҳи давродаври Сомонӣ (Қарияи боло) — Сино то кӯчаи Рӯдакӣ аз ҳар ду самти ҳаракати роҳ;
— кӯчаи Нусратулло Махсум аз кӯчаи Сино то назди Сафоратхонаи ИМА аз ҳар ду тараф;
— кӯчаи Шерозӣ аз кӯчаи Сино то кӯчаи Маяковский аз ҳар ду тараф.
Аммо аз сабаби набудани назорати қатъии истифодаи хатҳои ҷудогардида, то ки дар онҳо танҳо автобусу нақлиёти ҷамъиятӣ иҷозаи ҳаракат дошта бошанд, инчунин, пешбинӣ нагардидани ҷарима барои дигар намудҳои нақлиёт ҳангоми ҳаракат дар хатҳои барои нақлиёти ҷамъиятӣ ҷудогардида ин хатҳо самаранок истифода намегарданд.
Бо ҷорӣ кардани чунин хати махсус, на танҳо суръати ҳаракат зиёд мешавад, балки истифодаи нақлиёти ҷамъиятӣ афзуда, танбашавӣ ба таври назаррас коҳиш меёбад. Ин як қадами муҳим ба сӯи шаҳри зебо, тоза ва камнақлиёт мебошад.
9. Чорроҳаҳо ва таъсири онҳо ба танбашавии ҳаракат
Шаҳрҳои муосир бо шабакаи мураккаби роҳҳо ва чорроҳаҳо муайян карда мешаванд. Чорроҳаҳо — нуқтаҳои буриши роҳҳо — дар ташкили ҷараёни ҳаракат нақши калидӣ доранд. Вале вақте шумораи онҳо зиёд ё нодуруст танзим шуда бошад, метавонанд ба танбашавии шадиди ҳаракат оварда расонанд.
Чорроҳаҳои танзимшаванда ҷараёни ҳаракатро назорат намуда, ба ҳаракати равон дар чор самт имкон медиҳад ва амнияти ҳаракатро таъмин мекунад.
Тибқи созишномаи сармоягузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Консорсиуми сармоягузорон дар ҳайати Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Нет Солюшенс» ва Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Душанбе Сити низоми автоматикунонидашудаи бақайдгирии вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ» дар шаҳри Душанбе амалӣ гардида, айни замон дар 66 чорроҳаҳои автомобилгарди пойтахт 176 адад камераҳои назоратии мушоҳидавӣ ва дар кӯчаю роҳҳои автомобилгарди шаҳри Душанбе ва 67 адад камераҳои махсуси суръатсанҷ (радар) дар 58 минтақаи кӯчаю роҳҳои автомобилгарди шаҳри Душанбе насб гардида, фаъолият менамоянд.
Дар баробари ин, чунин мушкилот вуҷуд дорад:
— дар соатҳои авҷи рӯз, вақте чароғак таносуби оқилонаи равуо надорад, боиси ҷамъшавии мошинҳо дар хатти интизор мегардад;
— дар ҳолати камсамт будани роҳҳо, тағйири рӯшноии чароғак зиёд вақт мегирад;
— чароғакҳои бе танзими «ҳушманд» (adaptive) ба афзоиши танбашавӣ мусоидат мекунанд.
Чорроҳаҳои танзимнашаванда бошанд дар баробари афзалиятҳояшон, аз ҷумла, ҷараёни озодтари ҳаракат дар ҳолати камбуди воситаҳои нақлиёт ва хароҷоти ками инфрасохторӣ (бе ниёз ба чароғак) боз мушкилот низ доранд:
— дар ҳоли зиёд шудани ҳаракат, ронандагон намедонанд кӣ аввал гузарад;
— сабаби бетартибӣ, сустшавии ҳаракат, ҳатто садамаҳо мешавад;
— ба танбашавии зуд ва назоратнашаванда оварда мерасонад, хусусан дар маркази шаҳрҳо.
Шумораи аз ҳад зиёди чорроҳаҳо низ боиси танбашавӣ мегардад, ҳар як чорроҳа нуқтаи сустшавии ҳаракат мебошад. Агар дар масири кӯтоҳ чандин чорроҳа мавҷуд бошад, ҳаракат доиман суст шуда, ҷараён гоҳ-гоҳ қатъ мегардад. Шумораи зиёди чорроҳаҳои бе назорат дар маҳаллаҳои зичи аҳолинишин ба истодагии тӯлонӣ ва танбашавии дарозшакл оварда мерасонад.
Пешниҳод мешавад, ки барои беҳтарсозии вазъ дар чорроҳаҳо чароғакҳои “ҳушманд” (интеллектуалӣ) истифода шавад. Ин гуна системаҳо ҷараёни ҳаракатро бо дарназардошти зичии роҳ дар вақти воқеӣ танзим мекунанд. Таҷрибаи дигар давлатҳо нишон медиҳад, ки хориҷ кардани баъзе чорроҳаҳо аз гардиш ва табдил додан ба гардиши даврашакл ҳаракатро тезтар ва танбашавиро кам мекунанд. Дар масофаҳои кӯтоҳ чорроҳаҳои зич бояд кам карда шаванд. Дар кӯчаҳои танг метавон нақшаи ҳаракати яктарафаро таҳия намуд. Дар умум, бо коҳиши буришҳои бисёр ва самтҳои бархӯрдкунанда, ҳаракат ҳамвортар мешавад.
Шумораи чорроҳаҳо — новобаста аз танзимшаванда ё танзимнашаванда будан — метавонад ба таври бевосита ба танбашавии нақлиёт таъсир расонад. Дар ҳолати идоракунии нодуруст, онҳо сабаби сустшавии ҳаракат, афзоиши вақти сафари мусофирон ва зиёдшавии сарфи сӯзишворӣ мегарданд. Бо истифодаи технологияҳои муосир ва тарҳрезии зеҳнӣ, метавон шумора ва вазифаи чорроҳаҳоро мутобиқ ба ҷараёни ҳаракат созмон дод ва танбашавиро ба ҳадди ақал расонд.
10. Хамкори ва намудҳои гуногуни нақлиёти истифодаи умум (метро, трамвай, монорелс, роҳҳои ресмонӣ (канатные дороги))
Аз сабаби он, ки шаҳрҳои муосир дар шароити афзоиши босуръати аҳолӣ ва тамаркузи иҷтимоиву иқтисодӣ, бо мушкили зиёд шудани ҳаракати нақлиёт ва танбашавӣ рӯ ба рӯ мешаванд, истифодаи намудҳои гуногуни нақлиёти ҷамъиятӣ ва дуруст ба роҳ мондани ҳамкории онҳоро ба роҳ мондан зарур аст.
Яке аз роҳҳои самараноки коҳиши танбашавӣ — ин рушди нақлиёти ҷамъиятии гуногуннамуд мебошад. Дар ҳолате, ки дар шаҳр танҳо автобус ва микроавтобус фаъолият дорад, набудани метро, трамвай, монорелс ва роҳи ресмонӣ (ropeway) ба афзоиши сарборӣ ба роҳҳои заминӣ ва танбашавии доимӣ оварда мерасонад.
Бо ҷорӣ намудани чунин воситаҳои нақлиёт, ҳам суръати ҳаракат ва ҳам сифати зиндагии сокинон беҳтар мешавад. Танзими сиёсати нақлиётӣ бояд ба самти тақвияти инфрасохтор ва навсозии намудҳои ҳаракат равона гардад.
Дар соли 2025 анҷоми таҳияи асосноккунии техникӣ-иқтисодии сохтмони метро дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст, ки пас аз он корҳои дақиқи лоиҳакашӣ оғоз меёбанд. Хатти аввалини метро, ки ба нақша гирифта шудааст аз ҷануби шаҳр оғоз ёфта, то марказ, ба минтақаи Сирки давлатӣ мерасад. Дарозии ин хат тақрибан 10,5 километрро ташкил медиҳад.
Дар моҳи марти соли 2022, миёни Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва Ширкати миллии роҳи оҳани Корея (KNR) Ёддошти тафоҳум ба имзо расид. Ин санад ҳамкории дуҷонибаро дар самти таҳияи лоиҳаи метро дар Душанбе муқаррар мекунад. Ҳамчунин, ширкатҳои кореягии Deahan Consultants Co. Ltd, Dong Myeong Engineering Consultants & Architecture Co. Ltd, Asia Railway Technology ва Sejong Engineering Co. дар таҳияи лоиҳа ва системаҳои марбут ба метро иштирок доранд.
Тибқи нақшаҳо, сохтмони хатти аввалини метро дар солҳои 2028 то 2033 ба амал хоҳад омад.
11. Нақшакашиҳои шаҳрсозӣ
Ҷойгиршавии муассисаҳо ва сохторҳои гуногун дар дохили шаҳр ба зичии ҳаракати нақлиёт таъсири калон мерасонад. Шаҳри Душанбе низ аз ин қоида истисно нест.
Таҳияи нодурусти нақшаҳои шаҳрсозӣ, ҷойгиркунии ғайриоқилонаи минтақаҳои истиқоматӣ ва корӣ, инчунин, норасоии таваққуфгоҳҳо сабабгори шиддатёбии мушкилоти нақлиётӣ гардидаанд.
Яке аз омилҳои асосии зичии баланди ҳаракат ҷойгиршавии номутаносиби корхонаҳо, вазорату идораҳо, муассисаҳои таълимӣ, марказҳои савдо ва дигар иншооти муҳими ҷамъиятӣ мебошад.
Ҷойгиршавии иншоотҳои гуногун дар маркази шаҳр, дар якҷоягӣ бо рушди босуръати аҳолӣ ва зиёдшавии воситаҳои нақлиёт, боиси танбашавии роҳҳо, сустшавии ҳаракат ва афзоиши вақти сафар мегардад.
Таҳлили ҷойгиршавии иншоотҳо дар шаҳри Душанбе нишон медиҳад, ки аксари онҳо дар марказ ва наздик ба ҳам ҷойгиранд. Ин ҳолат чунин оқибатҳоро ба вуҷуд меорад:
— ташаккули танбашавӣ дар роҳҳо;
— афзоиши вақти сафари мусофирон;
— норасоии таваққуфгоҳҳо дар атрофи муассисаҳо;
— фишор ба роҳҳои марказии шаҳр.
Мутобиқи таҳлил, маълум гардид, ки дар наздикии корхонаҳои саноатӣ соатҳои 07:30 — 08:30 / 17:00 — 18:30 таъсири эҳтимолӣ баланд аст. Дар назди вазоратҳо дар соатҳои 08:00 — 09:00 / 17:00 — 18:00 миёна то баланд мебошад. Дар назди мактабҳо ва донишгоҳҳо соатҳои 07:00 — 08:30 / 13:00 — 15:00 баланд, дар назди марказҳои савдо соатҳои 12:00 — 21:00 (рӯзҳои истироҳат) баланд ва дар назди марказҳои фарҳангиву боғҳо соатҳои 16:00 — 22:00 (рӯзҳои истироҳат) миёна то баланд аст.
Танбашавии ҳаракат дар шаҳр танҳо бо бунёди роҳҳои нав ҳал намешавад, он бояд бо банақшагирии стратегӣ ва оқилонаи ҷойгиршавии иншоотҳо ва истифодаи технологияҳои муосир ба роҳ монда шавад. Агар ин омилҳоро ба назар гирем, метавон ба самаранокии ҳаракат ва рушди устувори шаҳр ноил шуд.
12. Нокифоя будани сатҳу сифати хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ
Маҳдудият дар хатсайрҳо, фосилаҳои тулонӣ ва серодамии нақлиёти ҷамъиятӣ боис мешавад, ки сокинон бештар ба истифодаи мошинҳои шахсӣ рӯ биёранд.
13. Садамаҳо ва корҳои таъмири роҳ
Сохтмон ва таъмири роҳҳо, инчунин, садамаҳои нақлиётӣ, ки аксаран боиси басташавӣ ё маҳдуд шудани роҳ мешаванд, сабаби ба вуҷуд омадани танбашавии муваққатӣ мегарданд.
Новобаста ба он, ки дар натиҷаи тадбирҳои зарурӣ андешидани мақомотҳои марбута садамаҳои нақлиётӣ дар шаҳри Душанбе дар се соли охир кам шудааст, аммо омори мазкур ҳоло ҳам зиёд ҳисобида мешавад.
Мутобиқи маълумоти пешниҳодшуда, шумораи ҳодисаҳо соли 2022-ум 244 ҳолат будааст, ки дар пайи ин ҳодисаҳо 44 нафар ҳалок ва 256 нафар ҷароҳат бардоштаанд. Ҳамин тариқ, соли 2023 шумораи садамҳо 228 ҳолат, ки дар натиҷа, 47 нафар ҳалок, 229 нафар захмӣ ва соли 2024-ум 208 ҳолати садама ба қайд гирифта шудааст, ки дар онҳо 38 нафар ҳалок ва 195 нафар ҷароҳат бардоштаанд.
14. Риоя нашудани қоидаҳои ҳаракати роҳ
Қонуншиканиҳои маъмул, аз ҷумла, таваққуфи нодуруст, риоя накардани чароғакҳои роҳнамо ва дигар қоидаҳо, монеаи ҷиддӣ дар роҳи ҳаракати мунтазами нақлиёт мешаванд.
Роҳҳои ҳалли масъалаи танбашавӣ:
1. Рушди нақлиёти ҷамъиятӣ
• Муосирсозии шабакаи нақлиётӣ: зиёд кардани хатсайрҳо, кам кардани фосила байни ҳаракатҳо ва нав кардани паркҳои нақлиётӣ.
• Ҷорӣ намудани хатҳои махсус барои автобусу троллейбусҳо.
• Рушди нақлиёти роҳи оҳан: метро, трамвай ва қатораҳои сабук.
2. Шаҳрсозии оқилона ва устувор
• Бунёди роҳҳои таворавӣ, чорроҳаҳои бисёрқабата ва магистралҳои ҳалқавӣ.
• Ҷорӣ намудани технологияҳои «шаҳри хушманд» (Smart City) барои назорати рақамии ҳаракати нақлиёт.
• Татбиқи модели «шаҳри 15-дақиқаӣ», ки сокинон метавонанд дар давоми 15 дақиқа ба макони кор, таҳсил ё истироҳат бирасанд. Моҳияти ин модел дар он аст, ки сокинон бояд тавонанд дар масофаи на бештар аз 15 дақиқа роҳ, хоҳ пиёда ва хоҳ бо воситаи нақлиёти ҷамъиятӣ, ба макони кор, таҳсил, хизматрасонии тиббӣ, истироҳат, харид ва дигар заруратҳои рӯзмарра дастрасӣ дошта бошанд.
3. Тарғиби нақлиёти алтернативӣ ва сабз
• Рушди роҳҳои велосипедронӣ, инфрасохтори самокатҳо ва минтақаҳои пиёдагард.
• Ҷорӣ намудани субсидияҳо ва имтиёзҳо барои истифодабарандагони нақлиёти барқӣ ва экологӣ.
4. Маҳдуд кардани истифодаи нақлиёти шахсӣ
• Пардохти махсус барои ворид шудан ба маркази шаҳр.
• Кам кардани теъдоди таваққуфгоҳҳо ва баланд бурдани арзиши онҳо.
• Тарғиби истифодаи муштараки нақлиёт тавассути каршеринг ва дигар барномаҳо.
5. Истифодаи технологияҳои рақамӣ
• Насби чароғакҳои зеҳнӣ бо системаи мутобиқшаванда ва мониторинги ҳолати роҳ дар вақти воқеӣ.
• Истифодаи замимаҳои мобилии навигатсионӣ барои пешгирӣ аз роҳҳои серодам.
• Таҳлили маълумоти калон (big data) барои таҳияи нақшаҳои мудирияти ҳаракат ва пешгирии танбашавӣ.
Масъалаи танбашавии роҳ танҳо бо амалӣ намудани як ё якчанд чорабинӣ ҳал намешавад. Он ба як низоми ҳамаҷонибаи ҳамкории мақомот, мутахассисон ва ҷомеа ниёз дорад. Танҳо бо якҷоя кардани рушди инфрасохтор, такмили нақшакашии шаҳрӣ, тарғиби нақлиёти ҷамъиятӣ ва истифодаи технологияҳои муосир метавон ба беҳтаршавии вазъи ҳаракати нақлиёт ва баланд гардидани сифати зиндагии шаҳрвандон ноил шуд.
Танбашавӣ яке аз масъалаҳои ҷиддии шаҳрсозӣ ва нақлиётӣ дар кишварҳои муосир ба шумор мераванд. Рушди босуръати шаҳрҳо, афзоиши шумораи мошинҳо ва норасоии инфрасохтори мувофиқ сабаб мешаванд, ки ҳаракати нақлиёт дар кӯчаҳо ва роҳҳои марказӣ суст ва душвор гардад. Бинобар ин, аз байн бурдани танбашавӣ — вазифаи муҳими сиёсати нақлиётии бисёр кишварҳост.
Барои бартараф намудани ин мушкилот, кишварҳои пешрафта таҷрибаи гуногуни самаранокро ба роҳ мондаанд, ки метавонанд барои Тоҷикистон низ ҳамчун намунаи омӯзишӣ хизмат кунанд.
Таҷрибаи кишварҳои хориҷӣ нишон медиҳад, ки муборизаи самаранок бо танбашавӣ усули фарогирро талаб мекунад, ки тадбирҳои техникӣ, ташкилии ва қонунгузориро дар бар мегирад.
Таҷрибаи кишварҳои гуногун оид ба коҳиш додани тамбашавӣ:
1. Рушди нақлиёти ҷамъиятӣ — роҳ ба сӯи интихоби оқилона
Яке аз самтҳои муҳими коҳиши танбашавӣ ин беҳтар кардани хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ мебошад. Масалан, дар Олмон (шаҳрҳои Берлин ва Мюнхен), ҷорӣ намудани системаи ягонаи чиптафурӯшӣ ва ташкил намудани хатсайрҳои мунтазам ва босифат нақлиёти ҷамъиятиро ба як алтернативаи ҷолиб табдил додааст.
Дар Ҷопон, шаҳри Токио бо шабакаи қатораҳои баландсуръат ва метрои боэътимод, нишон медиҳад, ки нақлиёти ҷамъиятӣ метавонад ҳатто дар яке аз калонтарин шаҳрҳои дунё ниёз истифодаи мошини шахсиро коҳиш диҳад.
2. Пардохти ҳаққи роҳ барои вуруд ба маркази шаҳр (Congestion Charge)
Яке аз чораҳои муассир — ҷорӣ намудани ҳаққи роҳ барои вуруд ба маркази шаҳр аст. Ин таҷриба бомуваффақият дар Лондон (Британияи Кабир) ва Стокҳолм (Шветсия) амалӣ шудааст. Масалан, дар Лондон аз соли 2003 инҷониб чунин низом амал мекунад ва боиси коҳиши 20-30% ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва афзоиши даромад барои рушди нақлиёт гардидааст. Воридшавии воситаҳои нақлиёт ба шаҳри Лондон аз соати 07:00 то 19:00 пулакӣ мебошад (аз соли 2003 — 10 доллари амрикоӣ, аз соли 2005 — 14 доллари амрикоӣ). Барои политсия, зиддисӯхтор, ёрии таъҷилӣ, такси, мотосикл ва маъюбон — бепул. Шиддатнокии ҳаракат дар роҳҳо то 40% коҳиш ёфта, соли 2020 ба буҷети шаҳр 122 миллион фунт стерлинг ворид гардидааст.
Дар Стокҳолм системаи монанд нишон дод, ки ҳаракати нақлиёт 25% коҳиш ёфта, муҳити зист беҳтар шудааст.
Воридшавии воситаҳои нақлиёт ба шаҳрҳои Токио, Вена, Пекин бо рақамҳои қайди давлатии муайяни ҷуфт ва тоқ муайян карда, дар рӯзҳои корӣ ва дар соатҳои муайян маҳдуд карда, тартиби риояи он зери назорати таҷҳизоти махсуси электронӣ қарор дошта, барои риоя накардани он ҷарима дар ҳаҷми калон пешбинӣ шудааст.
3. Низомҳои зеҳнии (интеллектуалии) идоракунии нақлиёт (ITS)
Технологияҳои муосир, аз ҷумла, ITS (Intelligent Transport Systems), имкон медиҳанд, ки ҳаракати нақлиёт бо роҳи истифодаи чароғакҳои роҳ бо идоракунии мутобиқшаванда ва сенсорҳои ҳаракат, самаранок танзим карда шавад. Дар Лос-Анҷелеси ИМА ва Кореяи Ҷанубӣ чунин таҷрибаҳо натиҷаҳои хуб додаанд. Корея, барои мисол, Smart Highway — шоҳроҳи интеллектуалиро бо назорати автоматикии ҳаракат дар роҳ татбиқ намудааст.
Масалан, рушди низомҳои зеҳнии нақлиётӣ (ITS — Intelligent Transport Systems) дар Нидерланд яке аз намунаҳои муваффақ дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Ин кишвар бо истифодаи технологияи нав барои беҳтарсозии ҳаракати нақлиёт, коҳиши ифлосшавии муҳит ва баланд бардоштани амнияти роҳ пешсаф мебошад.
Унсурҳои асосии ITS дар Нидерланд:
а) Назорати ҳаракати нақлиёт дар вақти воқеӣ (real-time traffic management):
Истифодаи сенсорҳо, камераҳо ва маълумоти GPS барои мониторинги ҳаракати нақлиёт.
Истифодаи тахтаҳои электронӣ барои расонидани маълумот ба ронандагон дар бораи басташавии роҳ, суръати иҷозатдодашуда ва ҳолати ҳаво.
б) Низоми рақамии идоракунии чароғакҳо:
Чароғакҳои «ҳушманд» метавонанд вақти сабзу сурхро вобаста ба ҳаҷми нақлиёт тағйир диҳанд.
Ин амал боиси коҳиши вақти интизорӣ ва харҷи сӯзишворӣ мегардад.
в) Нақлиёти ҷамъиятии зеҳнӣ (интеллектуалӣ):
Автобусҳо ва қатораҳо бо системаи пайгирии вақти воқеӣ (real-time tracking) таъмин шудаанд.
Истифодаи кортҳои чипӣ (OV-chipkaart) барои пардохти роҳкиро ва пайгирии ҳаракат.
г) Системаи огоҳсозии пешакӣ ва ҳамоҳангсозии воситаҳои нақлиёт (V2I ва V2V):
Васлшавии воситаҳои нақлиёт бо инфрасохтор (Vehicle-to-Infrastructure) ва бо ҳамдигар (Vehicle-to-Vehicle) барои пешгирии садамаҳо ва беҳтар кардани ҳаракат.
Бунёди «Talking Traffic» — лоиҳаи ҳамкории давлатӣ ва хусусӣ барои мубодилаи иттилоот байни нақлиёт ва инфрасохтор.
Нидерланд ҳамчун кишвари велосипедҳо (бисёр вақт онро ҳатто «мамлакати дучархаҳо» меноманд) низ ITS-ро барои беҳтар кардани бехатарии велосипедронҳо истифода мебарад.
Чораҳои андешидашуда дар ин давлат мусоидат намуд, ки вақти сафар ва истодан дар роҳҳо қоҳиш дода шуда, ифлосшавии ҳаво ва харҷи сӯзишворӣ низ кам карда шавад. Инчунин, бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳҳо беҳтар таъмин гардида, садамаҳои маргбор коҳиш дода шавад.
4. Ташкили инфрасохтори зарурӣ ва дарсгирии намудҳои алтернативии нақлиёт — велосипед ва пиёдагардӣ
Дар шаҳрҳои Амстердам (Нидерланд) ва Копенгаген (Дания) рушди роҳҳои велосипедронӣ ва инфрасохтори алоқаманд боиси афзоиши шумораи шаҳрвандони истифодабарандаи велосипед шуда, то 50% сокинонро дар Копенгаген дар бар мегирад. Ин намунаҳо нишон медиҳанд, ки бо таъсиси шароити мусоид, алтернативаҳои сабзи нақлиёт метавонанд нақши калидӣ бозанд.
5. Ҳамсафарӣ ва коҳиши шумораи мошинҳои якнафарӣ
Дар кишварҳои ИМА, Олмон ва Фаронса, истифодаи барномаҳои ҳамсафарӣ (мисли UberPool ва BlaBlaCar) ва ҷудо намудани хатҳои алоҳида барои мошинҳои дорои якчанд мусофир (HOV lanes) ба коҳиши шумораи мошинҳои якнафарӣ ва дар натиҷа, танбашавӣ мусоидат мекунанд. Технологияи мазкурро асосан дар шаҳрҳои хеле калон ё дар хатсайрҳои наздишаҳрӣ ва байнишаҳри истифода бурдан муфид аст.
6. Рушди логистикаи шаҳрӣ ва расонидани бор
Барои коҳиши фишори нақлиёт дар марказҳои шаҳри Париж ва Токио маҳдудиятҳоро барои ҳаракати мошинҳои боркаш дар соатҳои авҷи рӯз ҷорӣ кардаанд. Ҳамчунин, барои расонидани борҳои хурд, истифодаи дучархаҳои барқӣ ва дронҳо васеъ ҷорӣ шудааст.
Хулоса ва пешниҳодҳо барои шаҳри Душанбе ва дигар шарҳои калони Тоҷикистон
Таҷрибаи байналмилалӣ нишон медиҳад, ки барои рафъи мушкили танбашавӣ зарур аст:
• Ташвиқ намудани даст кашидан аз мошини шахсӣ, бо роҳи баланд бардоштани сифати нақлиёти ҷамъиятӣ;
• Рушди инфрасохтори велосипедронӣ ва роҳравҳо барои пиёдагардон;
• Истифодаи технологияҳои муосир барои идоракунии ҳаракати воситаҳои нақлиёт;
• Ҷорӣ намудани механизмҳои иқтисодии танзими ҳаракат, мисли ҳаққи роҳ ба маркази шаҳр.
Агар дар Тоҷикистон, махсусан дар шаҳрҳои калон чун Душанбе, ин тадбирҳо бо барнома ва сиёсати дарозмуддат амалӣ шаванд, метавон ба беҳсозии муҳити зист, коҳиши тангии роҳҳо ва баландбардории сифати зиндагии шаҳрнишинон ноил гашт.
Раҳмиддин САЛОМЗОДА,
муовини Раиси шаҳри Душанбе,
номзади илмҳои техникӣ, дотсент