
Санаи 19 октябри соли 2025 дар шаҳри Вашингтони ИМА, дар ҳошияи ҷаласаҳои солонаи Бонки Умумиҷаҳонӣ ва Хазинаи Байналмилалии Асъор ҷаласаи Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд (IDA) таҳти унвони “Пойдории молиявии дарозмуддати IDA: паёмадҳо ва имконот” баргузор шуд.
Дар ҷаласа масъалаҳои вобаста ба тавозуни ҳаҷми маблағгузории имтиёзнок ва аҳамияти дастгирии доимии донорҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуда, таъкид гардид, ки пойдории молиявии IDA шарти зарурии идомаи дастрасии кишварҳои рӯ ба тараққӣ ба маблағгузории имтиёзнок мебошад.
Муовини якуми вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷидӣ Юсуф Хайрулло дар навбати худ суханронӣ карда, омодагии кишварро барои ҳамкорӣ ва истифодаи воситаҳои маблағгузории сабз, дастгирии сармоягузории иҷтимоӣ ва таҳкими иқтидорҳо таъкид намуд.
Дар фарҷоми ҷаласа изҳороти муштараки намояндагони кишварҳои аъзои Ассотсиатсия қабул карда шуд, ки дар он масъалаҳои ҳифзи имтиёзнокӣ, вусъати дастгирии донорҳо ва истифодаи имкониятҳои инноватсионии маблағгузорӣ барои ҳифзи натиҷаҳои рушд дарҷ шудааст.