
Аз 1 июли соли 2025 миёни шаҳрҳои Хуҷанд ва Қошғар (ноҳияи худмухтори Қоши, музофоти Синзян-Уйғури ҶМЧ) хатсайри нави ҳавоӣ роҳандозӣ гардид. Парвозҳоро ширкати “Chandu Airlines” анҷом медиҳад.
Тибқи иттилои Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд, парвозҳо ҳар ҳафта рӯзи сешанбе сурат мегиранд. Ҳавопаймо соати 07:05 аз Қоши-Лайнин ба Хуҷанд омада, соати 09:05 ба самти Қошғар бозмегардад.
Мақомот мегӯянд, хатсайри нав равуои шаҳрвандонро миёни Тоҷикистону Чин осон ва дастрас хоҳад кард, ҳамзамон барои сафар ба минтақаҳои дигари Чин имкониятҳои васеътар фароҳам меорад.