Агнетии «Тоҷикстандарт» соли 2025 бо Созмони миллии стандартии Эрон ва ҳамчунин бо ҳамтоёни худ аз Федератсияи Русия, Қирғизистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расонидааст. Дар ин бора зимни нишасти матбуотии ин ниҳод иттилоъ дода шуд.
Тибқи иттилоъи Агентӣ, соли гузашта 1 228 546 кг маҳсулоти гуногуни пастсифати ғизоӣ, ки ба талабот ҷавобгӯ набуданд, муайян кардааст. Аз ҷумла, дар озмоишгоҳҳои Агентии «Тоҷикстандарт» наздик ба 19 ҳазор кг маҳсулоти гӯштӣ, 104 258 кг равғани растанӣ, 3159 кг маҳсулоти қаннодӣ, 51 915 кг орд ва дигар навъи маҳсулоти хӯрока, ки қисми зиёдаш маҳсулоти воридотӣ аст, ғайристандартӣ дониста шуда, аз муомилот гирифта шудаанд. Ба гуфтаи директори Агентӣ, соли қаблӣ 130 корхонаи ватанӣ, ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонида шудаанд.



