Роҳбарияти клуби футболи «Истиқлол»-и Душанбе ҳайати нави мураббиени дастаро барои мавсими имсола расман тасдиқ намуд!
Ба сармураббӣ Виталий Левченко мутахассис аз Украина Андрей Анненков (мураббии калон) ва мураббиени ватанӣ Анвар Норкулов (мурабии тайёрии ҷисмонӣ) ва Фаррух Бердиев (мураббии дарвозабон), инчунин мураббии таҳлилгар аз Узбекистон Дониер Муродов кӯмак хоҳанд кард.
Бо ҳамаи мураббиён шартномаи ҳамкорӣ то анҷоми мавсим ба имзо расонида шуд.



