Дар вохӯрӣ ба кормандони мақомоти корҳои дохилии вилоят барои мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, пешгирии ҳуқуқвайронкунию ҷинояткорӣ, аз ҷумла байни ҷавонону ноболиғон, пешгирии муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷинояткориҳо дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Гуфта шуд, ки барои пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонон бояд тадбирҳои муассир андешида шаванд. Ҳамчунин дар ин самт бояд байни ҷавонону ноболиғон вохӯрию корҳои фаҳмондадиҳӣ бо иштироки волидайн ва нозирони минтақавӣ тақвият бахшида шавад.
Ҳамзамон бо иштироки Вазири корҳои дохилӣ шуъбачаи бақайдгирӣ-имтиҳонотии Шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон баъди анҷоми таъмиру навсозӣ ба истифода дода шуд. Шуъбача бо таҷҳизоти муосири техникӣ таъмин гардидааст.
Дар шафати бино майдончаи нави футбол низ ба истифода дода шуд, ки дар рушди варзиш байни ҳайати шахсӣ ва баланд бардоштани руҳияи онҳо нақши муҳим мебозад.



