Дар ДМТ бахшида ба рӯзи матбуот ҳамоиши илмӣ-оммавӣ таҳти унвони » Рушди матбуоти тоҷик дар даврони соҳибистиқлоли» баргузор гардид. Дар ин бора хабарнигори радиои “Овози тоҷик” Фарзона Сафар хабар медиҳад. Дар конфронси мазкур мехмонон аз Вазорати фарҳанги Ҷумхурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дасгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ, Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва устодону донишҷӯён ширкат варзиданд. Бояд гуфт,ки меҳмонон вобаста ба нақши дирӯз ва имрӯзи матбуоти тоҷик дар мавзуъҳои ,» Нақши матбуот дар тарғибу ташвиқи дастовардҳои замони истиқлол ва вазифаҳо баори оянда «, «Матбуот ҳамнафасу ҳамқадами замон» ва “Матбуот дар шароити ҷаҳонишавӣ: имконот ва дурнамо» маърузаҳо намуданд.
Мавриди зикр аст, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлол «Рӯзи матбуот» ҳар сол 11 март ҳамчун иди касбии рӯзноманигорони ҷумҳурӣ ҷашн гирифта мешавад.