Санаи 17 апрели соли 2026 ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми Сарвазири кишвар Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло, инчунин иштироки Вазири молия Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор ва Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Толибзода Фирдавс дар маҷлиси машваратии кишварҳои электорати Хазинаи Байналмилалии Асъор ва Гурӯҳи Бонки Умумиҷаҳонӣ иштирок намуд.
Дар доираи ин ҳамоиши сатҳи баланд масъалаҳои муҳими рӯзномаи молиявию иқтисодии байналмилалӣ, аз ҷумла таҳкими суботи макроиқтисодӣ, татбиқи сиёсати мутавозуни пулию қарзӣ дар шароити тавсеаи хатарҳои геосиёсӣ, таҳкими дурнамои рушд ва коҳиш додани таъсири номуайяниҳои ҷаҳонӣ ба иқтисоди кишварҳо мавриди баррасии амиқ қарор гирифтанд.
Дар суханронии худ муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло нақши муассисаҳои молиявии байналмилалиро дар пешбурди рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ муҳим арзёбӣ намуда, қайд намуд, ки ҳамкории пайгирона бо Хазинаи Байналмилалии Асъор ва Гурӯҳи Бонки Умумиҷаҳонӣ дар татбиқи лоиҳаҳои муҳими инфрасохторӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ, инчунин дар пешбурди ислоҳоти самаранок дар соҳаи сиёсати макроиқтисодӣ ва бахши молиявӣ нақши калидӣ мебозад.



