Дар доираи Форуми Tajik–China Digital Business Connect Директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони пешбари ширкатҳои технологии чинӣ ва платформаҳои байналмилалии рақамӣ як қатор мулоқотҳои дуҷониба баргузор намуд, ки ҳадафи онҳо тавсеаи ҳамкорӣ дар самтҳои гузариш ба низоми рақамӣ, инноватсия ва рушди технологӣ буд.
Аз ҷумла, мулоқот бо Ян Юн (Yang Yong) — раиси Guoxing Network Co., Ltd. ва директори Маркази пешбурди интернети саноатии Роҳи абрешим (Center for Promotion of Industrial Internet of Silk Road) баргузор гардид. Зимни он ҷонибҳо дурнамои ҳамкориро дар соҳаи интернети саноатӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои 5G, зеҳни сунъӣ ва интернети ашё, омода намудани кадрҳои баландихтисос, инчунин татбиқи лоиҳаҳои муштараки озмоишӣ дар Тоҷикистон дар доираи ташаббуси Digital Silk Road баррасӣ намуданд.
Ҳамчунин, мулоқот бо Брюс Ченг (Bruce Cheng) — менеҷери генералӣ оид ба шарикиҳои глобалии ByteDance (TikTok) доир шуд, ки дар ҷараёни он ҷонибҳо масъалаҳои рушди экосистемаи инноватсионӣ, дастгирии стартапҳо, муҳтавои рақамӣ, омодасозии кадрҳои соҳаи тенологияҳои иттилоотӣ ва табодули таҷрибаи байналмилалӣ дар самти гузариш ба низоми рақамиро муҳокима карданд.
Илова бар ин, мулоқот бо Саид Ся (Saeed Xia) — директори иҷроияи бахши тиҷорати ҷаҳонии хизматрасониҳои давлатии Huawei баргузор гардид, ки дар доираи он имкониятҳои ҳамкорӣ дар самти гузариш ба низоми рақамӣ дар бахши давлатӣ, рушди инфрасохтори рақамӣ, татбиқи қарорҳо дар соҳаи ҳукумати электронӣ, технологияҳои абрӣ, зеҳни сунъӣ, амнияти киберӣ ва омодасозии мутахассисони соҳаи технологияҳои иттилоотӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар анҷом, мулоқот бо Тонг Дан (Danny Tong) — президенти Zhonghe Silk Road Digital Technology Co., Ltd. баргузор шуд, ки зимни он дурнамои татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар самтҳои шаҳри ҳушманд (Smart City), иқтисоди рақамӣ, технологияҳои инноватсионӣ, инфрасохтори рақамӣ ва таҳкими шарикии технологӣ миёни Тоҷикистон ва Чин дар доираи ташаббуси Роҳи абрешими рақамӣ муҳокима гардид.



