18 майи соли 2026 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин, ки бо сафари корӣ дар Федератсияи Россия қарор дорад, бо вазири корҳои хориҷии Федератсияи Россия Сергей Лавров мулоқот анҷом дод. Дар ин бора сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Сироҷиддин Муҳриддин барои иштирок дар маросими қабули капсулаҳо бо хок аз маҳалли дафни қаҳрамонони Тоҷикистон Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва фарзанди барӯманди халқи тоҷик Нисор Муҳаммад ба Россия сафар кардааст.
Зимни мулоқот роҳбарони мақомоти корҳои хориҷии ду кишвар ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ намуда, инчунин доир ба мавзуъҳои муҳими рӯзномаи байналмилалӣ табодули афкор карданд.



