Ҳамаи шуморо ба муносибати иди Қурбон самимона табрик мегӯям.
Ба ҳар яки шумо саломативу хушҳолӣ ва дар хонадонатон осоишу оромӣ орзу менамоям.
Иди Қурбон яке аз муҳимтарин ойинҳои дини мубини ислом мебошад ва фазилатҳои зиёде дорад.
Тақвияти дӯстиву муҳаббати байниҳамдигарӣ, тарғиби арзишҳои ахлоқӣ, анҷом додани амалҳои хайр, поси эҳтироми падару модарон ва калонсолон, дастгирии камбизоатҳову ниёзмандон ва сарфаю сариштакорӣ аз зумраи фазилатҳои ин ид мебошанд.
Яъне ин ид дар баробари он, ки маросими сирф эътиқодӣ мебошад, фурсати муносибе барои анҷом додани амалҳои хайру савоб ба ҳисоб меравад.
Дар рӯзи иди Қурбон мардуми тоҷик мутобиқ ба талаботи мазҳаби ҳанафӣ се амалро ба иҷро мерасонанд: аввалан, дар ҳаққи гузаштагон дуои нек мекунанд, баъдан ба зиёрати падару модар, беморону ниёзмандон ва азодорон мераванд ва шахсоне, ки имкони мусоиди молиявӣ доранд, расми қурбониро ба ҷо меоваранд.
Қурбонӣ кардан – ғамхорӣ дар ҳаққи ҳамдигар, раҳму шафқат ба ятимону маъюбон ва дастгирии оилаҳои камбизоат аз ҷониби онҳое воҷиб мебошад, ки имкону тавони хайру садақа карданро доранд ва дар масъалаи таъминоти аҳли оилаи онҳо мушкиле вуҷуд надорад.
Шахсоне, ки имкону тавони қурбонӣ карданро надоранд, анҷом додани ин амал барои онҳо шарт нест!
Дар Қуръони маҷид амалҳои исрофкорона ва хароҷоти беҷое, ки муъмин бар зарари худ ва наздиконаш анҷом медиҳад, 23 маротиба қатъиян маҳкум шудааст.
Умуман, ҳамаи амалҳое, ки Худованд ба бандагонаш роиҷ донистааст, дар доираи имконияту шароити зиндагии инсон аст.
Дар ояти 286-уми сураи «Бақара» ин масъала возеҳан зикр шудааст, ки «Худо бар ҳеҷ кас ҷуз ба андозаи тавоноияш воҷиб намекунад»!
Дигар ин, ки дар шариати дини мубини ислом қурбонӣ кардани чорво дар давоми се рӯз ҷойиз аст.
Бинобар ин, шарт нест, ки ин кор дар як рӯз бо издиҳому бенизомӣ анҷом дода шавад, балки беҳтар аст, ки забҳи чорво дар ҷойҳои муқарраршуда ва бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ сурат гирад.
Хотирнишон месозам, ки дастгирии эҳтиёҷмандон, ятимону маъюбон ва камбизоатҳову беморон на танҳо як амали савоб, балки нишонаи имони комил, ахлоқи ҳамида ва масъулияти иҷтимоии афроди ҷомеа дар назди ҳамдигар мебошад.
Қобили зикр аст, ки тақрибан ду даҳсола қабл дар кишвари мо Қонуни миллӣ «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардида буд, ки он дар роҳи ба низоми муайян даровардани фарҳанги баргузории маъракаҳо ва пешгирӣ кардани зиёдаравию исрофкорӣ нақши назаррас гузошт.
Дар асоси муқаррароти ин қонун мо бояд ҳангоми баргузории ҷашну маъракаҳо ва хусусан дар рӯзҳои ид сарфаю сариштакор бошем, ба намоишкориву исрофкорӣ роҳ надиҳем ва маросими диниву эътиқодиро, ки мардумро ба хайру саховат ва сарфаю сариштакорӣ ҳидоят мекунад, ба намоиши хурофоту таассуб табдил насозем.
Сарфаи маблағҳо ва худдорӣ кардан аз хароҷоти беҳуда ба оилаҳо имконият медиҳад, ки ба таълиму тарбияи фарзандон, фароҳам овардани шароити беҳтари зиндагӣ барои аҳли хонадон ва ободонии рӯзгори хеш таваҷҷуҳи бештар диҳанд.
Аз хотир набарорем, ки Худованд дар маркази ҳама фарзиёту воҷибот ва маросиму ойинҳои эътиқодӣ манфиат ва саодати инсонро гузоштааст!
Ҳамватанони азизи мо аз вазъияти ноорому буҳронии ҷаҳони муосир хуб огоҳанд.
Маҳсулоти ғизоӣ дар бисёр кишварҳои олам рӯз ба рӯз камчин ва нархҳо босуръат боло рафта истодаанд.
Дар чунин шароит мо бояд, қабл аз ҳама, ба рушди иқтисоди ватанӣ, самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб замин диққати аввалиндараҷа дода, дар фикри захираи дусолаи маводи ғизоӣ, яъне таъмини фарзандон ва аҳли оилаи худ бошем.
Мо бояд бо дарназардошти вазъи ҷаҳони имрӯза амал кунем, бештар заҳмат кашем, ҳарчи бештар маҳсулот истеҳсол кунем ва амнияти озуқавории кишварамонро, ки яке аз ҳадафҳои стратегии миллӣ мебошад, таъмин намоем.
Дар робита ба ин, такроран таъкид менамоям, ки иди Қурбон тӯй нест, балки як маросими динӣ ва ойини эътиқодӣ аст, ки бояд дар асоси арзишҳои ахлоқӣ ва бо риояи меъёрҳои сарфаю сариштакорӣ баргузор карда шавад.
Ҳамдиёрони азиз!
Ислом динест, ки ба тарбияи ахлоқӣ ва маънавии инсон равона шуда, ҳадафи он ташаккули инсони солеҳу донишманд ва худшиносу накукор аст.
Паёмбари ислом дар ҳадиси саҳеҳ таъкид намудаанд: «Ман фиристода шудам, то ахлоқи башарро комил гардонам».
Ахлоқу одоби инсонӣ, дар навбати худ, аз саводу дониш ва маърифатнокиву худшиносии ҳар як инсон вобаста мебошад.
Ин аст, ки дар Қуръони маҷид нахустин ояте, ки нозил шудааст, ба илму маърифат, яъне ҳидоят ба «хондан» бахшида шудааст.
Каломи раббонӣ ба бандагони Худо 70 маротиба аз тоату ибодат паём додааст, вале 779 маротиба аз зарурату аҳаммияти илму дониш ва ақлу хирад ҳукм кардааст.
Ин ҳама гувоҳи он аст, ки мақоми илму дониш ва маърифату саводнокӣ дар назди Худованд баландтар аз ҳар ибодат аст.
Бори дигар таъкид менамоям, ки мардум бояд арзишҳои асили эътиқодиро аз таассубу хурофот фарқ кунанд ва ин кор ба инсон танҳо тавассути саводу маърифат ва илму дониш муяссар мегардад.
Маҳз ба ҳамин хотир, дини мубини ислом мақоми илму донишро ҳамчун воситаи саодати инсон баланд муқаррар намуда, возеҳан эълом медорад, ки ба даст овардани илму маърифат ба ҳар фарди мусулмон – хоҳ зан ва хоҳ мард – фарз аст.
Худованд дар каломи осмонии худ дар мавриди тарғиби илму дониш фармудааст: «Онҳое, ки медонанд (яъне саводу дониш доранд) ва онҳое, ки намедонанд (яъне саводу маърифат надоранд), баробар нестанд».
Воқеан, вазифаи ҳама пайғамбарон ва ҷавҳари таълимоти ҳама динҳои ҷаҳонӣ низ ба роҳи саодат ҳидоят кардани мардум аз тариқи илму дониш ва ахлоқи ҳамида мебошад.
Ҳамватанони азиз!
Ҳоло мо дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии истиқлоли давлатӣ қарор дорем.
Ба хотири истиқболи сазовори ин ҷашни муқаддас ҳар як фарди соҳибватан ва бонангу номуси ҷомеа вазифадор аст, ки дар таҳкими дастовардҳои истиқлол – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ саҳм гузорад ва барои ояндаи дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол талош намояд.
Истиқлол дастоварди бузургу таърихӣ мебошад ва ҳимояи он масъулияти шаҳрвандӣ, рисолати инсонӣ ва қарзи фарзандии ҳар яки мо ба шумор меравад.
Мо бояд ҳамеша шукрона кунем, ки соҳиби Ватани ободу осуда ва давлати озоду соҳибихтиёр ҳастем ва ба шарофати давлати соҳибистиқлоламон ҳуқуқу озодиҳо ва боварҳои эътиқодии худро амалӣ менамоем.
Шукргузорӣ аз истиқлолу озодӣ танҳо бо сухан маҳдуд намешавад, балки он дар амали ҳаррӯзаи созандаи ҳар яки мо ва дар хизмати содиқона ба Ватан ифода меёбад.
Итминон дорам, ки кулли мардуми шарифи кишвар минбаъд низ саъйу талоши худро аз ҳар як хонаву кошона сар карда, барои ободии Ватани маҳбубамон, ҳимояи сулҳу субот, таҳкими пояҳои давлатдории тоҷикон ва болоравии мақоми Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ дареғ намедоранд.
Бори дигар ҳамаи шумо – мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзиамонро бо фаро расидани иди Қурбон табрик гуфта, бароятон тандурустиву хушбахтӣ ва дили шоду хонаи обод орзу менамоям.
Фарорасии иди Қурбон муборак бошад, ҳамватанони азиз!



