Дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия дар ҳошияи Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург (ПМЭФ – 2026) вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ бо Вазири рушди иқтисоди Федератсияи Россия Максим Решетников баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо рафти иҷрои супоришҳо ва дастурҳои роҳбарони ду давлатро, ки дар доираи сафари давлатии Президенти Федератсияи Россия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуда буданд, пайгирӣ намуданд.
Ҳамзамон дар рафти вохӯрӣ дурнамои рушди ҳамкорӣ дар самти содироти меваи тару тоза, хушк ва сабзавот, аз ҷумла содироти ангурро аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Федератсияи Россия мавриди баррасӣ қарор доданд.
Таъкид гардид, ки амалишавии иқдомҳои гузошташуда ба таъмини устувории маҳсулот, сифати маҳсулот ва васеъ намудани номгӯйи маҳсулоти содиротии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд.



