Дар ин бора телевизиони “Варзиш” имрӯз, 5-уми июн, хабар дод. Ӯ дар ин мақом Муҳаммадмурод Абдураҳмонов, паҳлавон ва мураббии номдори тоҷикро, ки аз соли 2018 сармураббигарии дастаи мунтахаби ҷудои кишварро ба уҳда дошт, иваз кард.
Узнадзе зодаи Гурҷистону шаҳрванди Туркия ва аз мураббиёни маъруфи ҷудои ҷаҳон аст. Ӯ қаблан ҳамчун сармураббии тимҳои миллии Гурҷистон ва Туркия кор карда буд ва чандин ҷудокори ин ду кишвар зери роҳбарии ин мутахассис аз Бозиҳои олимпӣ, мусобиқаҳои қаҳрамонии ҷаҳон ва Аврупо, ҳамчунин, мусобиқаҳои “Grand Slam”, Grand “Prix” ва “Masters” медал ба даст овардаанд.
Узнадзе ду бор (солҳои 2014 ва 2015) беҳтарин мураббии ҷудои Аврупо эътироф шудааст.



