3-6 июни соли 2026 дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург (ПМЭФ – 2026) баргузор гардид, ки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ дар маросими ифттитоҳи расмӣ, чорабиниҳои канорӣ ва Намоишгоҳи байналмилалии молу маҳсулот иштирок намуданд.
Дар чорабинии мазкур зиёда аз 20 ҳазор иштирокчӣ аз сохторҳои давлатӣ, сармоягузорон, ҷавонон, варзишгарон, намояндагони ташкилотҳои молиявӣ, соҳибкорону молистеҳсолкунандагон ва донишмандону олимон аз 130 кишвари дунё ширкат варзиданд.



