Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон китобномаи шарҳиҳолии Корманди шоистаи Тоҷикистон, барандаи ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ, барандаи ҷоизаи адабии ба номи Носири Хусрав, нависанда, публитсист ва рӯзноманигори маъруф Сипеҳр Абуабдуллоҳи Ҳасанзод рӯнамоӣ гардид.
Чорабинӣ бо ибтикори шуъбаи библиографияи Китобхонаи миллӣ роҳандозӣ гардида, дар он олимону адибон, муҳаққиқон, намояндагони воситаҳои ахбори омма ва кормандони китобхона ширкат варзиданд.
Зимни ҳамоиш таъкид гардид, ки китобномаи мазкур маълумоти фарогирро оид ба зиндагӣ ва фаъолияти эҷодии Сипеҳр Абуабдуллоҳи Ҳасанзод дар бар гирифта, осор, мақолаҳо, мусоҳибаҳо, пажӯҳишҳо ва дигар маводи марбут ба фаъолияти ӯро фаро мегирад. Зикр шуд, ки ин китобнома барои муҳаққиқон, донишҷӯён, рӯзноманигорон ва дӯстдорони адабиёти муосири тоҷик ҳамчун манбаи муҳими илмӣ ва иттилоотӣ хизмат хоҳад кард.



