Имсол, ба муносибати 35-умин солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ширкати “Помир Энерҷӣ” бо дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон ва Бонки Ҷаҳонӣ татбиқи Лоиҳаи “Барқикунонии деҳот”- ро идома дода истодааст.
Дар доираи ин лоиҳа аллакай 22 нерӯгоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 13 МВт дар деҳаҳои дурдасти ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сохта шудаанд. Қобили зикр аст, ки ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти Тоҷикистон, Ширкат нақша дорад, ки ҳафт нерӯгоҳи дигари офтобиро бо иқтидори умумии 540 кВт ва аввалин нерӯгоҳи бодиро дар деҳаи Тохтамиши ноҳияи Мурғоб бо иқтидори 200 кВт сохта, мавриди истифода қарор диҳад.



