
Имрӯз дар боғи Ирами шаҳри Душанбе ҷашни бошукуҳӣ «Тиргон’ таҷлил гардид. Дар ин маросим маъсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва анвои молу маъсулоти истеъсолӣ ватанӣ аз ҳама шаҳру ноҳияҳои кишвар ба маразӣ тамошо гузошта шуд.инчунин барномаҳои фаргангию фароғатӣ аз ҷониби аҳли ҳунармандони кишвар чорабиниро шукуҳи дигар бахшид. Бояд қайд намоем,ки ҷашни Тиргон дар қатори дигар ҷашнҳои бузурги миллии мо ҷойгоҳи хоссае дошт ва имрӯз ҳам дорад. Тиргон ҷашни тобистонаи мардумони орёӣ аст.
Аслан, ҷашни Тиргон ба фарорасии фасли тобистон, моҳи июн рост меояд, ки дар ин рӯзҳо Офтоб ба қуллаи баландтарини худ расида, рӯзи аз ҳама дарозтарин ҳисобида мешавад.
Дар кишвари мо қатори ҷашнҳои миллӣ Наврӯзу Меҳргон ва Сада Тиргон низ дар сатҳи хуб таҷлил карда шаванд! Ин ҷашнҳоро ба ягон дин мансуб надониста, ҳамчун ҷашнҳои миллии хеш таҷлил менамоем. Чуноне ки Президенти кишвар гуфтаанд: “Ин оинҳои бостонии ориётаборон бидуни вобастагӣ аз ҳама гуна унсурҳои диниву мазҳабӣ дар миёни мардум маҳбубият пайдо карда,тадриҷан мақоми умумихалқӣ касб намумудаанд’



