Институти омўзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо семинари илмиеро таҳти унвони Ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон барои қабули Қатъномаи Маҷмааи Умумии СММ таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027- 2036» баргузор намуд. Дар он коршиносони зиёде ширкат намуданд. Директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ Рустам Ҳайдарзода Ин рӯйдоди бузург миллии Тоҷикистон сурат гирифт, ки рамзи сулҳпарварӣ ва рисолати таърихии халқи тоҷикро дар арсаи ҷаҳонӣ инъикос менамояд. Бо ҷонибдории 153 давлати узви Созмони Милали Муттаҳид қабул шудани ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз нишони возеҳи эҳтироми хосса ва эътимоди баланди ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати хирадмандонаи хориҷии давлати мо мебошад. Дар идома профессор Ширин Қурбонова иброз дошт, ки маҳз дар ҳамин давраи ҳаётан муҳим, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид бо дарки амиқи масъулият дар назди таърих ва ояндаи инсоният, пешниҳоди эълон намудани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ»-ро ба миён гузоштанд. Фалсафаи сиёсии ин ташаббус дар он нуҳуфта аст, ки сулҳ набояд танҳо ҳамчун набудани ҷанг ё уҳдадории муваққатии насли имрӯз арзёбӣ шавад. Сулҳ пойдевори асосии ҳастии башарият ва мероси гаронбаҳоест, ки бояд устувор карда шуда, ба наслҳои оянда ба таври комил ва амн интиқол дода шавад. Дар анҷом миёни коршиносон ва иштирокчиён доир ба аҳамият ва ҳадафи Қатъномаи Маҷмааи Умумии СММ суолу ҷавоб сурат гирифт.
Нилуфари Нуриддин
радиои «Овози тоҷик»



