Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Рушди низоми суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар замони муосир» баргузор гардид. Ҳамоиш ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 30-солагии таъсиси Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи кормандони соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бахшида шуд.
Дар чорабинӣ муовини Сарвазири Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳалимзод Абдураҳмон Достӣ, намояндагони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк», инчунин роҳбарону кормандони сохторҳои соҳа иштирок намуданд.
Чорабиниро директори Агентӣ Ҳалимзод Абдураҳмон Достӣ ифтитоҳ намуда, меҳмононро ба муносибати Рӯзи кормандони соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа хайрамақдам гуфт. Зимни ҳамоиш доир ба дастовардҳои соҳа, рушди низоми суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат ва вазифаҳои минбаъдаи соҳа суханронӣ карда шуд.
Дар идомаи чорабинӣ иштирокчиён барномаи фарҳангиро тамошо намуда, қироати шеърҳои ватандӯстона ва баромадҳои ҳунариро бо самимият истиқбол карданд.
Моҳираи Иброҳим, Овози тоҷик.



