30 июни соли 2026 дар шаҳри Вашингтон вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Марко Рубио доир гардид.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо вазъ ва дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистону ИМА-ро баррасӣ намуда, ба алоқаманди ба таҳкими минбаъдаи шарикии дуҷониба дар асоси эҳтироми мутақобила ва ҳамкории дарозмуддату судманд таъкид карданд.
Ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузориро мавриди баррасӣ қарор дода, афзоиши ҳаҷми савдои мутақобила, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва ҷалби ширкатҳои амрикоиро ба лоиҳаҳо дар бахшҳои афзалиятноки иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намуданд. Имкониятҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, энергетика, инфрасохтори нақлиётӣ ва иқтисоди рақамӣ низ таъкид гардид.
Сироҷиддин Муҳриддин ва Марко Рубио оид ба масъалаҳои амнияти минтақавӣ низ мубодилаи афкор намуда, омодагиро барои идомаи ҳамкории бештар дар мубориза бо ифротгароӣ, терроризм ва ҷиноятҳои фаромиллӣ, инчунин таҳкими субот ва рушди устувори Осиёи Марказӣ таъкид намуданд.



