2 июли соли 2026 дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Комиссияи амалисозии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа намояндаи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Диловар Каримов иштирок намуда, оид ба масъалаҳои татбиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», риояи меъёрҳои забони давлатӣ дар ҳуҷҷатнигорӣ, мукотибаи расмӣ ва истифодаи дурусти истилоҳоти соҳавӣ суханронӣ намуд.
Зимни ҷаласа таъкид гардид, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» истифодаи забони давлатиро дар фаъолияти мақомоти давлатӣ танзим менамояд ва риояи меъёрҳои забони давлатӣ, истифодаи дурусти истилоҳоти расмӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти мақомоти давлатӣ буда, барои баланд бардоштани фарҳанги ҳуҷҷатнигорӣ ва таъмини иҷрои талаботи қонунгузорӣ аҳаммияти махсус дорад.
Дар фарҷоми ҷаласа вобаста ба масъалаҳои мавҷуда мубодилаи афкор намуда, барои такмили истифодаи забони давлатӣ ва истилоҳоти соҳавӣ дар фаъолияти Кумита ҷиҳати тақвияти назорати риояи талаботи қонунгузорӣ дар самти истифодаи забони давлатӣ ва баланд бардоштани сифати ҳуҷҷатнигорӣ ба масъулин дастуру тавсияҳои зарурӣ дода шуданд



