Дар Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Сардори Хадамот Исфандиёри Саъдулло бо ҳайати ҶДММ «Газпром-Медиа Холдинг»-и Федератсияи Россия таҳти роҳбарии муовини директори генералӣ Борис Ханчалян баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо имкониятҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои алоқа, технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, расонаҳо ва татбиқи лоиҳаҳои муштаракро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Зимни мулоқоти ҳайатҳо таъкид намуд, ки ҳамкорӣ бо ширкатҳои пешқадами байналмилалӣ метавонад ба таҳкими инфрасохтори рақамии кишвар, такмили хизматрасониҳои алоқа ва истифодаи технологияҳои муосир мусоидат намояд.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи муколама ва баррасии имкониятҳои ҳамкории мутақобилан судманд изҳор намуданд.



