1 июли соли 2026 ҳайати Тоҷикистон, ки барои иштирок дар чорабиниҳои Ҳафтаи зиддитеррористии СММ ба шаҳри Ню-Йорк ташриф овардааст, дар ҷаласаи 95-уми иҷлосияи Маҷмаи Умумӣ бахшида ба Шарҳи нуҳуми Стратегияи глобалии СММ оид ба мубориза бар зидди терроризм ширкат варзид. Дар рафти ҷаласа давлатҳои аъзо гузориши дабири кулли СММ ва лоиҳаи қатънома оид ба натиҷаҳои баррасии Стратегияи зикршударо мавриди муҳокима қарор доданд.
Зимни мубоҳисаҳои умумии ҷаласа Сардори Маркази ягонаи иттилоотӣ оид ба пешгирии экстремизм, терроризм ва ҷиноятҳои киберии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудзода Манучеҳр суханронӣ намуд.
Дар баромад уҳдадории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба татбиқи чор самти асосии Стратегияи глобалии мубориза бар зидди терроризм тасдиқ гардида, тадбирҳои миллӣ дар самти пешгирии экстремизм ва муқовимат ба терроризм, таҳкими амнияти сарҳади давлатӣ ва рушди ҳамкории байналмилалӣ муаррифӣ карда шуд. Ҳамзамон, аҳамияти Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм ҳамчун платформаи эътирофшудаи байналмилалӣ дар самти мубориза бар зидди терроризм таъкид гардид.
Таваҷҷуҳи махсус инчунин ба қабули қатъномаи Маҷмаи умумии СММ оид ба эълон намудани Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда (2027–2036), ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пешниҳод гардидааст ва нақшаи баргузории Конфронси байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе дар соли 2027 бахшида ба оғози татбиқи ин ташаббус зоҳир карда шуд.



