
Дар нишасти матбуотии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 6 июли соли 2026 баргузор гардид, роҳбарияти вазорат натиҷаҳои фаъолияти соҳаро дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ ҷамъбаст намуд. Зикр гардид, ки фаъолияти вазорат дар ин давра ба татбиқи сиёсати фарҳангии давлат, ҳифз ва рушди мероси фарҳангӣ, таҳкими инфрасохтори соҳа ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ равона шуда, як қатор дастовардҳои назаррас ба даст омадааст.
Бино ба иттилои Сатториён Матлубахон Амонзода, Вазири Фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар давраи ҳисоботӣ «Барномаи давлатии рушди китобхонаҳои деҳот барои солҳои 2027–2031» ва «Барномаи давлатии рушди адабиёти бачагона барои солҳои 2027–2031» таҳия ва тасдиқ гардидаанд. Ҳамчунин, Муассисаи давлатии «Маҷмааи таърихию фарҳангии Қалъаи Балҷувон» таъсис ёфта, Маркази фарҳанги мусиқии тоҷик фаъолияти худро оғоз кардааст. Дар ин муддат 7 фестивалу озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ баргузор шуда, дар Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» аз 6245 довталаб 2677 нафар ба даври дуюм роҳ ёфтанд.
Тавре дар нишаст таъкид гардид, аҳли фарҳангу ҳунари кишвар дар шаш моҳи аввал ба 13 давлати ҷаҳон 31 сафари эҷодӣ анҷом дода, дар чорабиниҳои байналмилалӣ фарҳанги тоҷикро муаррифӣ намуданд. Аз ҷумла, Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Қатар, Ӯзбекистон, Беларус ва Қирғизистон баргузор гардида, санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расидаанд. Ҳамзамон, сохтмони чандин иншооти фарҳангӣ, аз ҷумла қасрҳои фарҳанг, осорхона, китобхона ва хобгоҳи мактаб-интернати мусиқӣ идома дорад.
Масъулони вазорат инчунин хабар доданд, ки дар нимсолаи аввал дар саросари кишвар 36 ҳазору 734 чорабинии фарҳангӣ баргузор шудааст. Дар театрҳои касбӣ 22 намоиши нав рӯи саҳна омада, китобхонаҳои давлатӣ беш аз 20 ҳазор чорабинии фарҳангиву маърифатӣ баргузор намудаанд. Осорхонаҳои ҷумҳурӣ зиёда аз 93 ҳазор нафарро фаро гирифта, муассисаҳои нашриявии вазорат 79 номгӯй китобро бо теъдоди умумии зиёда аз 61 ҳазор нусха ба табъ расонидаанд.
Дар анҷоми нишаст таъкид шуд, ки Вазорати фарҳанг минбаъд низ фаъолияти худро барои татбиқи барномаҳои давлатӣ, рушди соҳа ва омодагӣ ба таҷлили сазовори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома хоҳад дод.
Нилуфари Нуриддин
радиои “Овози тоҷик”



