Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Даврон Сафарзода зимни пешниҳоди ҳисоботи фаъолияти шашмоҳаи Академия иброз дошт, ки муассиса робитаҳои байналмилалии худро бо муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии ҷаҳон пайваста тавсеа мебахшад.
Ба гуфтаи ӯ, дар шашмоҳаи аввали соли 2026 шумораи донишҷӯёни Академия ба 5604 нафар расида, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10 дарсад зиёд мебошад.
Зикр гардид, ки айни замон Академия бо 17 муассисаи таҳсилоти олии хориҷӣ ҳамкорӣ дошта, дар ин давра 5 санади нави ҳамкорӣ, аз ҷумла бо Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов ва Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Русия ба имзо расонида шудааст.
Ҳамчунин, дар доираи барномаҳои мубодилаи академӣ, омодасозии мутахассисон аз рӯйи ихтисоси «Ҳуқуқи байналмилалӣ» дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи миллии Евразияи Қазоқистон ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки таълимӣ бо Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Федератсияи Русия бомуваффақият идома дорад.Ҳамчунин, Даврон Сафарзода зимни ҳисоботи шашмоҳа таъкид намуд, ки бо мақсади баланд бардоштани сатҳи таълим ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ, аз муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин устодони соҳибтаҷриба барои фаъолияти омӯзгорӣ ва баргузории дарсҳо ба Академия даъват гардидаанд.Моҳираи Иброҳим Овози тоҷик.



