Дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Точикистон бахшида ба Рӯзи маъюбон дар Тоҷикистон бо ташаббуси шуъбаи хидматрасони ба шахсони имконияташон маҳдуд барномаи фархангии «Бо амри дил» доир гардид.
Ҳамасола дар саросари Ҷумхурии Точикистон 8-уми июл ҳамчун Рӯзи ашхоси дорои маъюбият таҷлил мешавад. Мақсад аз таҷлили ин сана ҷалб намудани таваччуҳи ақли ҷомеа, ташкилоту идорахо ва ниходҳои ҷомеаи шахрванди ба мушкилоти маъюбон ва масъалаҳои маъюбӣ ҳамчунин таъмини кафолатҳои иҷтимои маъюбон ва таъмини шароити муносиб барои онҳо мебошад.
Сиёсати инсонпарваронаи давлату Ҳукумати Точикистон ба он равона гаштааст, ки ин кишри осебпазир худро дар ҷомеа танҳову бекас ва нотавон эхсос накунад, балки хамрадифи дигар шахрвандон дар тамоми ҷодаҳои зиндагӣ ширкати фаъол дошта бошад. Дар ободию шукуфоҳи Ватани азиз саҳмгузор бошанд.
Чорабинии мазкурро директори Муассисаи давлатии «Китобхонаи милли и Дасттохи ичроияи Президенти Чумҳурии Точикистон, Абдулхоликзода Лутфия Абдулхолиқ огоз бахшид.
Лутфия Абдулхолиқзода бо изҳори як ҷаҳон таманииёти наҷиб чамъомадагонро ба ин даргоҳи илму маърифат хайрамакдам гуфт. Директори Мулссисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ» дар суханронии хеш аз ҷумла ёдовар ёдовар шуд, ки «Ҳифзи иҷтимоӣ маъюбон, аз ҷумла, шахсони дорои имконияташон маҳдул яке аз самтҳои мухим ва асосии сиёсати иҷтимоӣ Асостузори сулҳу ваҳдати милли-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад. Аз замони ба даст овардани истиқлол то имрӯз тамоми талошҳои Ҳукумати Чумҳурни Тоҷикистон ба таъмини кафолатҳои иҷтимоӣ мардум, хусусан маъюбон равона шудааст. Фарзона Сафарова Радиои Овози тоҷик



