Санаи 7 июли соли 2026 дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Вазири молия Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор бо Раиси Агентии Чин оид ба ҳамкориҳои рушди байналмилалӣ (CIDCA) Чэн Сяодун баргузор гардид.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар самти ҷалби маблағҳои грантӣ ва татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки рушдро баррасӣ намуданд. Аз ҷумла, вобаста ба рушди инфрасохтори нақлиётӣ ва логистикӣ, энергетика, бахусус татбиқи лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ ва энергияи сабз, инчунин дастгирии соҳаҳои дигари кишвар мубодилаи афкор сурат гирифт.
Ҳамзамон, ҷонибҳо оид ба густариши ҳамкорӣ дар самти рақамикунонии идоракунии молияи давлатӣ, таҳкими ҳамкориҳои техникӣ, омодасозии мутахассисон ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки афзалиятнок табодули назар намуданд.
Дар доираи мулоқот байни Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Чин оид ба ҳамкориҳои рушди байналмилалӣ Ёддошти тафоҳум оид ба лоиҳаҳои афзалиятнок дар соҳаи рушд ва ҳамкории дуҷониба ба имзо расид.
Таъкид гардид, ки тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба ва татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок барои рушди устувори иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳкими шарикии стратегии Тоҷикистону Ҷумҳурии Мардумии Чин аҳамияти муҳим дорад.



