Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Ҷон Сон Шик мулоқот намуд.
Зимни мулоқот қайд гардид, ки муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея соли 1992 барқарор гардида, тайи ин муддат роҳи назарраси ташаккул ва рушдро тай намудаанд. Ҷумҳурии Корея барои мо шарики муҳим ва боэътимод дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором мебошад. Дар тули зиёда аз 34 соли муносибатҳои дипломатӣ давлатҳои мо заминаи устувори эътимоди мутақобила ва ҳамкории созандаро ташаккул додаанд, ки пайваста дар самтҳои сиёсӣ, парламентӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ, башардӯстона ва фарҳангӣ рушд мекунад.
Мо аз фаъол гардидани ҳамкориҳои дуҷониба дар солҳои охир изҳори қаноатмандӣ менамоем. Аз ҷумла, дар соҳаҳои саноат, энергетика, нақлиёт, маориф, технологияҳои рақамӣ, рушди захираҳои инсонӣ ва омодасозии кадрҳо лоиҳаҳои муштарак амалӣ мегарданд.
Итминон дорем, ки дипломатияи байнипарламентӣ дар таҳкими муносибатҳои дуҷониба нақши муҳим бозида, иштироки пайвастаи парламентҳо ва намояндагони мардумро дар муносибатҳои байналмилалӣ таъмин менамояд.
Бо қаноатмандӣ қайд менамоем, ки ҳамкории тиҷоратию иқтисодии ду кишвар рушди мусбат дорад. Ҳаҷми гардиши савдои мутақобила танҳо дар соли 2025 ба 196,1 миллион доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико расидааст, ки аз таваҷҷуҳи баланди доираҳои соҳибкории ҳар ду кишвар шаҳодат медиҳад.
Ҳамзамон, зарур аст, ки аз имкониятҳои мавҷуда ва иқтидори то ҳол пурра истифоданашуда барои густариши минбаъдаи шарикии иқтисодии мутақобилан судманд самаранок истифода барем.
Мо, вакилони мардумӣ, аз ҷониби худ омодагии комил дорем, ки ба рушди ҳамкории тиҷоратию иқтисодии ду кишвар ҳамаҷониба мусоидат намоем. Инчунин, ҷонибдори иштироки фаъол дар Машварати раисони парламентҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея буда, фаъолияти гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои байнипарламентиро дастгирӣ менамоем.
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби худ омода аст барои таҳкими шарикии дуҷониба ва татбиқи ташаббусҳои мутақобилан судманд ҳамаҷониба мусоидат намояд,-изҳор дошт дар фарҷоми мулоқот Файзалӣ Идизода



