24 июли соли 2026 дар шаҳри Чолпон-Атаи Ҷумҳурии Қирғизистон ҷаласаи навбатии Шурои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) баргузор гардид.
Дар ин ҷаласа ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин иштирок намуд.
Зимни ҷаласа роҳбарони мақомоти сиёсати хориҷии кишварҳои узви СҲШ доираи васеи масъалаҳои марбут ба таҳким ва густариши ҳамкориҳои бисёрсамта дар чаҳорчӯби созмонро баррасӣ намуда, инчунин оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор анҷом доданд.



