Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон бо беш аз 60 муасиссаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷӣ созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонидааст, ки аз ин шумора 13 созишномаи нав дар давраи ҳисоботӣ мебошад. Робитаҳо бо донишгоҳҳои Испания, Корея, Туркия, Россия, Қазоқистон, Узбекистон, Белорус Олмон, Хитой, Италия ва дигар кишварҳо густариш меёбад. Дар шаш моҳи аввали соли равон роҳбарият ва ҳайати устодони Донишгоҳ дар як қатор Форуму Анҷуманҳо ва дигар чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ ширкат намуданд, ки дар доираи онҳо созишномаҳои ҳамкорӣ баста шуд иброз дошт Хайрулло Назарзода ректори Донишгоҳи мазкур имрӯз зимни нишасти хабарии ин ниҳод. Иброз гардид, ки табодули академии омӯзгорон яке аз самтҳои муҳими рушди касбият ва такмили малакаи омӯзгорону кормандони ДДТТ маҳсуб мешавад. Дар шаш моҳи соли гузашта 27 нафар омӯзгорону кормандони донишгоҳ дар доираи лоиҳаҳо ва барномаҳои байналмилалӣ ба донишгоҳҳои хориҷӣ сафарбар шуда, дар семинару тренингҳо ва курсҳои такмили ихтисос иштирок карданд.
Зулайхои Раҷаб,
Радиои «Овози тоҷик»



