27 июли соли 2026 вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон Хайрулло Ибодзода бо Вазири энергетикаи Ҷумҳурии Қазоқистон Ерлан Қудайбергенович Аккенженов баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо аҳамияти таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодиро таъкид намуда, масъалаҳои фаъолсозии кори муштарак ҷиҳати густариши муносибатҳои дуҷониба ва татбиқи созишҳои қаблан бадастомадаро мавриди баррасӣ қарор доданд.



