Санаи 5 августи соли 2026 маросими баимзорасонии Созишномаи қарзии иловагӣ оид ба лоиҳаи «Таҳкими шабакаи тақсимоти барқ дар шаҳри Кӯлоб дар робита ба лоиҳаи «Кам намудани талафоти нерӯи барқ дар вилояти Хатлон» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд баргузор гардид.
Созишномаи мазкур аз ҷониби Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндаи ваколатдори Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ба имзо расонида шуд.
Маблағи қарзи иловагӣ дар доираи созишномаи мазкур 10 миллион евроро ташкил медиҳад.
Ҳадафи асосии лоиҳа кам намудани талафоти техникӣ ва тиҷоратии нерӯи барқ тавассути қисман таҷдиди шабакаҳои тақсимоти нерӯи барқ, ҷорӣ намудани низоми муосири баҳисобгирӣ ва биллинг, инчунин насбу васли ҳисобкунакҳои интеллектуалии электронии нерӯи барқ мебошад.
Татбиқи лоиҳа ба баланд бардоштани самаранокии фаъолияти шабакаҳои тақсимоти нерӯи барқ, коҳиш додани талафоти нерӯи барқ, беҳтар намудани сифати таъминоти барқ ба истифодабарандагон ва таҳкими эътимоднокии низоми энергетикии вилояти Хатлон мусоидат менамояд.



