14 август ҷаласаи гурӯҳи коршиносон оид ба лоиҳаи Созишнома дар бораи таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки бо ташаббуси Тоҷикистон пешниҳод гардид, дар шакли видеоконфронс баргузор шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар ҷаласа намояндагони мақомоти салоҳиятдори мамлакатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Кумитаи иҷроияи иттиҳод иштирок намуда, лоиҳаи созишномаро ҳамаҷониба баррасӣ намуданд. Таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои марбут ба ҳадафҳо, вазифаҳо, принсипҳои фаъолияти Шуро ва самтҳои ҳамкории давлатҳои аъзо зоҳир карда шуд.
Иштирокчиён ҷонибдории худро аз таъсиси Шуро иброз намуда, аҳамияти онро дар таҳкими ҳамкории бисёрҷониба, баланд бардоштани самаранокии иҷрои санадҳои судӣ ва дигар санадҳои мақомоти ваколатдор, инчунин ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ва субъектҳои хоҷагидор таъкид карданд.
АКС: Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



