Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар меҳмонхонаи «Crowne Plaza Dushanbe» Озмуни ҷумҳуриявии «Топ-35 — шарики боэътимоди сол» ҷамъбаст гардид. Озмун бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ташкилоти байналмилалии «Маркази рушди зеҳнӣ» баргузор шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Дар маросими тантанавии оғози озмун муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода, роҳбарон ва намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, инчунин намояндагони зиёда аз 120 ширкату корхонаҳои ватанӣ иштирок намуданд.
Иброз гардид, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳибкорӣ ва таҳкими саҳми бахши хусусӣ дар иқтисодиёти миллӣ тавваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, мунтазам таъкид менамоянд, ки бахши хусусӣ омили асосии рушди устувор, таъсиси ҷойи нави кор, афзоиши истеҳсолот ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ба ҳисоб меравад.
Озмуни ҷумҳуриявии «ТОП 35-шарики боэътимоди сол» гувоҳи олии эътирофи кӯшишҳои ширкатҳои ватанӣ — меъморони иқтисоди миллӣ мебошад. Ин маросим на танҳо арзёбии фаъолияти соҳибкорӣ, балки арҷгузорӣ ба нақши калидии бахши хусусӣ дар устувории Тоҷикистони мустақил мебошад.
Имрӯз бахши хусусии мамлакат бо ворид намудани технологияҳои инноватсионӣ ва коркарди амиқи захираҳои дохилӣ дар бозори ҷаҳонӣ тамғаи «Made in Tajikistan»-ро муаррифӣ мекунад.
Баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Топ– 35- шарики боэътимоди сол» иқдоми муҳим дар самти дастгирӣ, ҳавасмандгардонӣ ва қадрдонии соҳибкорони ватанӣ арзёбӣ гардид.
АКС: Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон



