Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабари талафоти ҷонӣ, теъдоди зиёди осебдидагон ва инчунин хисороти назаррасро, ки дар пайи заминларзаи шадид дар вилояти Нуса-Тенггараи Шарқии Ҷумҳурии Индонезия ба амал омадааст, бо андӯҳи амиқ дарёфт намуд.
Вобаста ба ин фоҷиа Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пайвандону наздикони қурбониён ва тамоми мардуми дӯсти Индонезия ҳамдардии самимӣ ва таслияти амиқи худро баён мекунад.
Ба ҳамаи осебдидагон шифои комил ва ҳарчи зудтар орзу намуда, ба мардуми дӯсти Индонезия дар бартараф намудани оқибатҳои ин офати табиӣ матонат ва устуворӣ таманно дорем.



