Бахшида ба Рӯзи касбии табибони Тоҷикистон ва зодрӯзи Шайхурраис Абуалӣ ибни Сино субҳи имрӯз, 18-уми августи соли равон аз ҷониби роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва доираи васеи кормандони соҳа дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар пояи муҷассамаи фарзанди баруманди миллати тоҷик, табиби ҳозиқ, ҳакими бузург ва поягузори илми тиб Абуалӣ ибни Сино гулчамбар гузошта шуд.
Дар маросими гулчамбаргузорӣ вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, муовини якум, муовинони вазир, роҳбарони сохторҳои зертобеи вазорат, Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе ва дигар масъулин иштирок намуданд.
Бояд гуфт, ки маросими гулчамбаргузорӣ дар пояи муҷассамаи фарзанди баруманди тоҷик, олим, табиб ва файласуфи машҳур Абуалӣ ибни Сино ба хотири гиромидошти хизматҳои беназираш дар рушди илми тиб ва арҷгузорӣ ба шахсияти нотакрори ӯ аз ҷониби кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар баргузор гардид.
Ёдовар мешавем, ки чорабинии бошукӯҳи идона бахшида ба Рӯзи касбии табибони Тоҷикистон имрӯз соати 14:00 дар дар маҷлисгоҳи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.



