29-30 сентябри соли 2026 Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфронси C5+1 SI, ки дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид, иштирок намуд.
Конфронс ба рушди зеҳни сунъӣ, таҳкими ҳамкории рақамӣ ва густариши шарикии технологӣ байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бахшида шуд.
Дар доираи ҷаласаи канории Конфронс муовини якуми директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ Ҳаким Исмоилзод суханронӣ намуда, дастовардҳои Тоҷикистонро дар самти рушди зеҳни сунъӣ ва раванди гузариш ба низоми рақамӣ муаррифӣ намуд.
Ҳамзамон, доир ба дурнамои тавсеаи ҳамкории байналмилалӣ, татбиқи технологияҳои зеҳни сунъӣ ва рушди ташаббусҳои муштарак дар соҳаи рақамикунонӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.
Конфронси C5+1 SI дар доираи AI MONTH 2026 баргузор гардида, намояндагони мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, бахши технологӣ ва коршиносони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ИМА-ро барои баррасии масъалаҳои рушди зеҳни сунъӣ, инфрасохтори рақамӣ, омодасозии кадрҳо ва ҳамкории технологӣ гирди ҳам овард.



