Субҳи имрӯз, 7 октябри соли 2026, дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе маросими истиқболи ҳайати варзишии Ҷумҳурии Тоҷикистон — иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёии Айичӣ–Нагоя — 2026 баргузор гардид.
Дар маросим муовини якуми раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Шабнам ва муовини раиси шаҳри Душанбе Тоҳирзода Меҳриддин иштирок намуданд.
Дар ҷараёни маросим роҳбарияти Кумита суханронӣ намуд. Ҳамчунин, варзишгарон бо намояндагони телевизионҳо мусоҳиба анҷом доданд.
Бозиҳои 20-уми Осиёӣ аз 19 сентябр то 4 октябри соли 2026 дар Ҷопон баргузор гардиданд. Варзишгарони Тоҷикистон дар ин мусобиқаи муҳими қитъавӣ дар маҷмуъ соҳиби 16 медал — 2 тилло, 5 нуқра ва 9 биринҷӣ гардида, дар ҷадвали умумии медалҳо мақоми 22-юмро ишғол намуданд.
Медалҳои Тоҷикистон аз рӯи намудҳои варзиш:
-Муҳорибаҳои омехта — 2 тилло ва 1 нуқра;
-Кураш — 2 нуқра ва 1 биринҷӣ;
-Ҷудо — 1 нуқра ва 3 биринҷӣ;
-Гӯштини тарзи озод — 1 нуқра ва 2 биринҷӣ;
-Бокс — 2 биринҷӣ;
-Каратэ-до — 1 биринҷӣ.
Ин натиҷа аз рӯи шумораи умумии медалҳо беҳтарин нишондиҳандаи Тоҷикистон дар таърихи иштироки кишвар дар Бозиҳои Осиёӣ мебошад.
Дастовардҳои варзишгарони тоҷик туҳфаи арзанда ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, барои насли ҷавон намунаи талош, ирода, интизом ва ватандӯстӣ мебошанд. Дар паси ҳар як медал заҳмати варзишгар, роҳнамоии мураббӣ ва дастгирии наздикон қарор дорад.
Ба ҳамаи варзишгарону мураббиён ва масъулоне, ки дар омодагӣ ва иштироки ҳайати Тоҷикистон саҳм гузоштанд, арзи сипос менамоем. Ба ҳар як иштирокдор барои муаррифии кишвар ва ҳимояи шарафи Ватан эҳтиром баён мекунем.
Медали имрӯза — оғози пирӯзии фардо!
Ба варзишгарони кишвар дар мусобиқаҳои оянда комёбиҳои бештар орзу менамоем. Бигзор парчами Тоҷикистон дар майдонҳои байналмилалӣ ҳамеша баланд парафшон бошад!



