Сармураббии мунтахаби Тоҷикистон Игор Ангеловский пирӯзии дастаашро бар мунтахаби Чин дар бозии дӯстона, ки имрӯз, 6 октябр дар шаҳри Чунтсин баргузор гардид, шарҳ дод. Вохӯрӣ бо ҳисоби 1:0 ба фоидаи мунтахаби Тоҷикистон анҷом ёфт. Муаллифи голи ягона ҳимоятгар Ваҳдат Ҳанонов гардид, ки дар дақиқаи 53-юм ба задани гол муваффақ шуд.
Пас аз бозӣ Ангеловский аҳамияти таърихии ин пирӯзиро таъкид карда, онро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшид.
«Пеш аз ҳама, аз номи ҳамаи бозигарон ва ҳайати мураббиёни тими миллии Тоҷикистон мехоҳем ин пирӯзиро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дирӯз зодрӯз доштанд, бахшем. Ба Президенти кишвар саломатии бардавом орзу менамоем.Бозигарони худро барои баромади шоиста табрик мегӯям. Мо дар тамоми ҷанбаҳои футбол комилан бартарӣ доштем ва дар ниҳоят дар майдони худи Чин сазоворона пирӯз шудем. Ин аввалин пирӯзии таърихии Тоҷикистон бар мунтахаби Чин мебошад.
Бо вуҷуди ин, мехоҳам фавран таъкид кунам, ки ба мо ҳеҷ гуна эйфория лозим нест, зеро барои омодагии комил ба Ҷоми Осиё-2027 дар Арабистони Саудӣ ҳанӯз корҳои зиёде дорем. То оғози мусобиқа ҳамагӣ се моҳ боқӣ мондааст. Дар моҳи ноябр моро боз як равзанаи дигари ФИФА интизор аст ва сипас моҳи декабр ҷамъомади ниҳоии тамринӣ пеш аз Ҷоми Осиё баргузор мешавад.
Ба мухлисон, ки дар ин бозӣ моро дастгирӣ карданд, ташаккур мегӯям. Ҳамчунин мехоҳам ба Федератсияи футболи Тоҷикистон барои фароҳам овардани шароити хуби омодагӣ изҳори сипос намоям.
Тоҷикистон ба пеш!», — гуфт сармураббии мунтахаби Тоҷикистон Игор Ангеловский пас аз бозӣ.



