Дар доираи баргузории Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ», ки қарор аст то 18 октябр соли ҷорӣ идома ёбад, мастер — класси байналмилалии «Рушди фарҳанги хизматрасонӣ дар шароити муосир барои сайёҳон» баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур мутахассисони соҳаи сайёҳӣ аз Русия, Ҳиндустон, Сингапур ва дигар кишварҳо иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар идома масоили сифати хизматрасонӣ, равобити байналмилалӣ, табодули таҷриба ва дурнамои рушди соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ёдовар мешавем, ки ҳадаф аз баргузории мастер — класси мазкур баланд бардоштани сатҳи касбияти кормандони соҳаи сайёҳӣ, рушди фарҳанги муосири хизматрасонӣ, тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар кишварамон мебошад.
Абдурофеъ Шарифиён, Овози тоҷик



