13 октябри соли 2026 шартнома оид ба татбиқи лоиҳаи бузурги инфрасохторӣ, ки таҷдиди хиёбони Саъдии Шерозӣ, сохтмони гузаргоҳи нақлиётии дусатҳа ва таҷдиди пули автомобилгард аз болои дарёи Душанбинка, маъруф ба «Мостопоезд»-ро дар бар мегирад, ба имзо расонида шуд.
Шартнома миёни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, консорсиум дар ҳайати ҶСК «Тоҷикгидроэлектромонтаж» (ТГЭМ) ва ширкати чинии Heze Urban Construction Engineering Development Group Co., Ltd. (HUCG), инчунин Гурӯҳи татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳои шаҳри Душанбе ба имзо расонида шуд.
Лоиҳа таҷдиди ҳамаҷонибаи яке аз қитъаҳои муҳими нақлиётии пойтахт — хиёбони Саъдии Шерозиро дар масофаи аз кӯчаи Н. Қарабоев то пули болои дарёи Душанбинка пешбинӣ менамояд.
Дар доираи лоиҳа васеъ намудани хиёбон то ҳашт хатти ҳаракат, ташкили хатҳои махсус барои нақлиёти ҷамъиятӣ дар қитъаҳои алоҳида, сохтмони гузаргоҳи муосири нақлиётии дусатҳа ва таҷдиди пули мавҷудаи автомобилгард ба нақша гирифта шудааст.
Татбиқи лоиҳа имкон медиҳад, ки иқтидори гузарониши шабакаи роҳҳо афзоиш ёфта, ташкили ҳаракати воситаҳои нақлиёт беҳтар гардад, тамбашавии нақлиёт коҳиш ёбад ва барои ронандагон, мусофирони нақлиёти ҷамъиятӣ ва пиёдагардон шароити бехатару мусоид фароҳам оварда шавад.
Оғози корҳои сохтмонӣ то охири соли 2026 ба нақша гирифта шудааст. Тибқи шартҳои шартнома, муҳлати татбиқи лоиҳа аз рӯзи ба имзо расидани он се солро ташкил медиҳад.
Маблағгузории лоиҳа дар доираи созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) амалӣ карда мешавад



