
Дар шашмоҳаи соли равон ба ҷумҳурӣ 906,0 млн. доллар сармояи хориҷӣ ворид гардидааст . Дар ин маврид зимни нишасти хабари Саъдӣ Қодирзода -раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ба хабарнигорони дохиливу хориҷӣ иттилоъ дод. Ҳамҷунон дар доираи ҷорабиниҳои зикргардида беш аз 120 санададҳои тиҷоративу сармоягузорӣ дар соҳаҳои саноат , кишоварзӣ , сайёҳи , энергетика , фармасевтика ,молия ва тиҷорат ба имзо расонида шуда , марҳила ба марҳила амалӣ гардида истидаанд . Дар ин бора ЗУлфия Олимбекова хабарнигори радиои «Овози тоҷик» аз рафти нишасти хабарии кумитаи мазкур медиҳад.
Ҳамзамон дар нишасти мазкур зикр гардид, ки н ҷиҳати ҷалби бештари сармояи мустақими хориҷӣ ба иқтисоди миллӣ , дар соли 2023 баимзорасонии 5 созишномаи сармоягузориро ба маблағи беш аз 4 млрд сомонӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар ин давра , бо мақсади муаррифии имкониятҳои сармоягузорӣ ва ҷалби бештари сармояи мустақими хориҷӣ дар маҷмӯъ зиёда аз 10 форуму ҳамоишҳо ,аз ҷумла бо давлатҳои Британияи Кабир , Россия ,Швейтсария ,Испания ,Озорбойҷон , Қазоқистон ,Туркманистон ,Ҷумҳуриии Мардумии Чин , Кореяи Ҷанубӣ ва Чехия баргузор карда шуданд.