Беш аз 150 нафар соҳибкор дар форуми сармоягузории Тоҷикистону Озарбойҷон ширкат меварзанд. Интизор меравад, ки доираи он санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расанд.
Тавре ки радиои «Овози тоҷик» дар такя ба Кумитаи самоягузорӣ ва идораи амволии давлатии Тоҷикистон хабар медиҳад, оруми мазкур дар доираи сафараи давлатии Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон ба Тоҷикистон санаи 4 апрели соли 2023 дар шаҳри Душанбе сурат мегирад. Ҳадаф аз баргузории он пайдо намудани имкониятҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои саноат, энергетика, сайёҳӣ, нақлиёт ва рушди содирот мебошад.
Дар чорабинии мазкур иштироки роҳбарон ва масъулони вазорату идораҳо ва соҳибкорону сармоягузорон ва намояндагони ширкату корхонаҳои соҳаҳои гуногуни фаъолияти хоҷагидории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаҳои саноат, нақлиёт ва коммуникатсия, хӯрокворӣ, сайёҳӣ ва дигар соҳаҳо дар назар аст.
Дар доираи Форум ба иштирокчиён фазо ва имкониятҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои сайёҳӣ, саноат, энергетика, хизматрасонӣ ва дигар соҳаҳо муаррифӣ карда мешавад. Ҳамзамон, дар доираи он байни субъектҳои бахши давлатию хусусии ду давлат санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расонида мешаванд.