2 ноябри соли 2026 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин абераи мутафаккири бузурги тоҷик Аҳмади Дониш, раиси ширкати “Silicon Waha” ва “Smart Villages” Одил Донишро ба ҳузур пазируфт.
Вазир меҳмонро ба сарзамини Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, зимни мулоқот атрофи масоили Конфронси байналмилалии зеҳни сунъӣ, (AICONF-2026) ва тақвияти ҳамкориҳо дар самти фарҳанг, тамаддун, саноат, технология ва зенҳи сунъӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.
Одил Дониш бо сафари аввалин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, дар Конфронси байналмилалии зеҳни сунъӣ, (AICONF-2026), ки 30-31 октябри соли 2026 дар Душанбе баргузор гардид, иштирок намуд.



