2 ноябри 2026 дар шаҳри Абу Забӣ Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб Ашрафҷон Гулов дар маросими ифтитоҳи расмии даври 42-юми “Намоишгоҳ ва Конфронси байналмилалӣ оид ба нафту гази Абу Забӣ” (ADIPEC-2026) иштирок намуд.
Ҳамоиши имсолаи ADIPEC аз 2 то 5 ноябри 2026 идома ёфта, дар он зиёда аз 239 000 иштирокчӣ, аз ҷумла вазирон, сиёсатмадорон, шахсони воломақом, тасмимгирандагон, сармоягузорон, роҳбарони ширкатҳои ҷаҳонӣ ва коршиносони соҳа аз беш аз 170 кишвари ҷаҳон барои табодули таҷриба, мубоҳисаҳои сатҳи олӣ, сармоягузорӣ ва ҳамкории тиҷоратӣ гирди ҳам омадаанд.



