Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Ашрафҷон Гулов бо ректори Донишгоҳи Ҳаҷитеппе, профессор, доктор Меҳмет Ҷаҳит Гӯран мулоқот анҷом дод. Дар ин бора Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, зимни мулоқот масъалаи ба роҳ мондани ҳамкории донишгоҳи мазкурро бо муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон муҳокима шуд.
Ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати тақвияти равобит дар ин самт, изҳор намуданд.