Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шараф Шерализода роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Раймундас Кароблисро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.
Зимни мулоқот ҷонибҳо сатҳи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, инчунин масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, аз ҷумла пайвастшавии кишварамон ба Низоми умумии имтиёзҳои Иттиҳод (GSP+)-ро баррасӣ намуданд.