18 август Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии мамлакат Ширин Амонзода бо намояндагони Кумитаи низоми маориф ва хизматрасонии ёрии фавқулодаи тиббии Корея Ҷанубӣ мулоқот анҷом дод, ки дар он асосан ба масъалаи таъсиси Академияи омӯзиши забони кореягӣ таваҷҷӯҳ зоҳир шуд. Ҳадафи он сафарбар намудани қувваи корӣ аз Тоҷикистон барои таъмин намудани эҳтиёҷоти бозори меҳнати Корея мебошад. Дар ин бора радиои “Овози тоҷик” дар такя ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Бино ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо ҷиҳати баимзорасонии санадҳои ҳамкорӣ бо Ширкати World Мobility Associaion ба мувофиқа расиданд.
Зикр шуд, ки Кореяи Ҷанубӣ ба қувваи корӣ дар бахши саноати сабук, мошинсозӣ ва баҳамории қисмҳои эҳтиётии электромобилҳо ниёз дорад.
Ҳайати Кореяи Ҷанубӣ, ки ба он намояндагони Кумитаи низоми маориф ва хизматрасонии ёрии фавқулодаи тиббӣ, ширкатҳои хизматрасонии кардиопулменарӣ, World mobility Associaion ва KOCECO шомил мебошанд, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.