Ба гузориши радиои «Овози тоҷик» ба нақл аз Омоҷ, манобеъи маҳаллӣ дар Тахор мегӯянд, ки фармондеҳони Толибон бодиянишинонеро, ки нав аз вилоятҳои ҷанубӣ ва Покистон омадаанд, ба заминҳои мардуми маҳаллӣ ҷо ба ҷо мекунанд.
Манобеъ меафзояд, ки ҳудуди 200 хонаводаи бодиянишин аз Покистон ва вилоятҳои ҷанубӣ ба деҳаи Гулбаҳори вулусволии Хоҷа Баҳоуддини вилояти Тахор омадаанд.
Ба гуфтаи манобеъи Толибон дар Хоҷа Баҳоуддини Тахор, онҳо ба сокинони деҳаи Гулбаҳор ҳушдор додаанд, ки ҳарчӣ зудтар заминњои худро тарк карда, ба ихтиёри бодиянишинон бигузоранд.
Ба гуфтаи онҳо, љой кардани ин ќадар бодиянишин дар ин ноњия мардуми бумии деҳаи Голбаҳорро маҷбур кардааст, ки маљбуран тарки зодбум кунанд кунанд.
Гуфта мешавад, ки раванди љо кардани кӯчманчиён дар навоҳии дигари Тахор идома дорад.
Мақомоти маҳаллии Толибон дар Тахор дар ин бора чизе намегӯянд