23-24 августи соли 2022 дар шаҳри Анқара машваратҳо байни вазоратҳои корҳои хориҷӣ оид ба ташхис ва такмили заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии муносибатҳои Тоҷикистон ва Туркия баргузор гардиданд. Дар кори он намояндагони сафорат иштирок намуданд. Дар ин бора радиои “Овози тоҷик” дар такя ба Сафорати Тоҷикистон дар Туркия хабар медиҳад.
Ҷонибҳо номгӯи ягонаи санадҳои байналмилалии дуҷониба ва дигар ҳуҷҷатҳоеро, ки дар баррасии якдигар қарор доранд, муҳокима карданд.
Ҳамзамон, оид ба дурнамо ва тақвияти ҳамкориҳо миёни вазоратҳои корҳои хориҷӣ дар таҳияи шартномаҳои байналмилалии дуҷониба, дигар санадҳои ҳуқуқӣ ва самти маҳфуздорӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.